
ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Таҳлили таҷрибаи муосири рушди шаҳрҳо нишон медиҳад, ки ҳоло шаҳрҳои шарик, бародар — дар заминаи муносибатҳои байниҳамдигарии дуҷониба шаҳрҳои маъмурии дорои аҳамияти байналмилалӣ (Женева, Вена, Брюсел ва Ню-Йорк), шаҳрҳои ҳушманд – бо назардошти рушди бесобиқаи технологӣ, шаҳрҳои муколамавӣ ва равандсоз- аз рӯи аҳамияташон барои таҳлилу баррасии масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, рӯзномаи рушди устувор ва таъмини амнияти байналмилалӣ мавҷуд мебошанд. Дар қаринаи гуфташуда ҳоло пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол- шаҳри Душанбе низ дорои мақоми байналмилалӣ буда, ҳамчун «шаҳри равандсоз»— дар ҳалли мушкилоти мубрами аҳли башар ҷойгоҳи сазовореро соҳиб гардидааст.
Ҳоло дар заминаи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Душанбе мақоми равандсоз пайдо намуда, «Раванди Душанбе» — ҳамчун саҳнаи муҳими баррасии мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ барои пешгирии хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ эътироф гардидааст.
Мавриди таъкид аст, ки то имрӯз дар заминаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти пешбурди дипломатияи обу тағйирёбии иқлим ва ҳамоишҳои сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм ду раванди Душанбе — «Раванди оби Душанбе» ва «Раванди Душанбе дар мубориза бо терроризм» ба сифати майдони муҳими таҳлилу баррасии ин масъалаҳо эътироф гардидаанд.
Аз ин рӯ, аҳамияти шаҳри Душанберо бо назардошти шаҳри равандсоз буданаш дар ҷанбаҳои зерин арзёбӣ намудан мумкин аст:
— Ташаккули имиҷи мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ.
Дар заминаи андешаи аввал таъкид намудан ба маврид аст, ки ҳар гуна амале, ки ба боло рафтани имиҷи мусбати Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд, ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон созгор мебошад.
Яъне, дар заминаи тақвияти фаъолияти байналмилалии «Раванди Душанбе» пойтахти мамлакати мо ҳамчун шаҳри равандсоз ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти миллии мамлакат мусоидат менамояд.
Агар ба миқёси ду раванди Душанбе — «Раванди оби Душанбе» ва «Раванди Душанбе дар мубориза бо терроризм» назар афканем, он фарогири доираи васеи кишварҳо аз чор қитъаи олам- Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико мебошад.
Зимнан таъкид менамоем, ки аз лиҳози фарогирии ҳайатҳо ҳангоми баргузории чорабиниҳо аз 30 то 120 кишвар ва аз 30 то 100 созмони байналмилалӣ иштирок менамоянд. Инчунин дар рафти ҳамоишҳое, ки дар чаҳорчӯбаи «Раванди Душанбе» баргузор мегарданд, ҳудудан 2500 нафар шахсони воломақоми тасмимгиранда ва сиёсатмадорон, олимон ва коршиносон ба таври ҳузурӣ ва 500 нафар ба таври маҷозӣ иштирок менамуданд.
Ҳамзамон чорабиниҳои «Раванди Душанбе»-ро беш аз 200 рӯзноманигорони дохилӣ ва хориҷӣ инъикос намудаанд, ки он ба тақвияти шинохти мусбати Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳофар ва ташаббускор мусоидат менамояд.
Натиҷаҳои «Раванди Душанбе»
То имрӯз танҳо дар доираи «Раванди оби Душанбе» бонуфузтарин созмони байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид 14 қатънома қабул намуда, панҷ ташаббуси кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. То имрӯз дар заминаи ташаббусҳои Тоҷикистон 10 конфронси байналмилалӣ баргузор гардидааст, ки 9 адади он дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе доир шудааст.
Маҳз дар заминаи ташаббусҳои Тоҷикистон ва натиҷаи босамари «Раванди оби Душанбе» ҳамасола дар ҷаҳон 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо -(бо ташаббуси Тоҷикистон дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (13 сентябри соли 2022) эълон гадида, 14 декабри соли 2022 Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба ин қабул шуд, ки онро 153 кишвар ҷонибдорӣ намуданд.
Зимнан таъкид намудан ба маврид аст, ки масъалаҳои асосие, ки дар «Раванди оби Душанбе» — ба сифати майдони байналмилалии таҳлилу баррасии мушкилоти обу иқлим ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор амалӣ гардидаанд, дар ҷанбаҳои зерин ифода меёбанд:
— рушди ҳамаҷониба ва идоракунии захираҳои об;
— об ва рушди устувори шаҳр;
— таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об;
— ноил шудан ба дарки амиқтари робитаи байни рушди устувор ва идоракунии захираҳои об;
— дастгирии ҳукуматҳо дар таҳияи стратегияҳо ва барномаҳои ҳамкории муассир дар идоракунии захираҳои об;
— ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба идоракунии захираҳои об;
— дарёфти усулҳои нави инноватсионӣ ва таҷрибаи сиёсӣ дар ин самт;
— мукаммалгардонии масъалаҳои гендерӣ дар масъалаҳои таъмини об ва беҳдошт;
— масъалаи захираҳои оби фаромарзӣ;
— беҳтар кардани сифати об тавассути коҳиш додани ифлосшавӣ, аз байн бурдани партовгоҳҳо ва кам кардани партовҳои кимиёвӣ ва маводи хатарнок;
— тавсеаи низоми мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо барои беҳтар кардани сифати ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот;
— таҳияи низоми огоҳсозии пешакӣ аз зуҳуроти хатарноки марбут ба пиряхҳо;
— мусоидат ба истифодаи оқилонаи захираҳои об дар минтақаҳои аз пиряхҳо вобаста;
— ҳифзи мероси фарҳангӣ ва донишҳои анъанавии марбут ба пиряхҳо;
— ҷалби ҷавонон ба талошҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағирёбии иқлим.
Инчунин Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи «Раванди Душанбе дар мубориза бо терроризм»- то ҳол дар шаҳри равандсози Душанбе се конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор намудааст.
Маҳз дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мизбони «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ва маблағгузории он иқдоми бори аввал берун аз Тоҷикистон баргузор гардидани конфронси навбатӣ дар доираи ин равандро истиқбол намуд.
Ҳамин тавр 4 ноябри соли 2024 дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт Конфронси байналмилалӣ оид ба «Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи Кувайти Раванди Душанбе» баргузор гардид.
Зимни суханронии худ дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки конфронс «ба миқёс ва таъсири Раванди Душанбе дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он тавсеаи бештар хоҳад бахшид».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳамоиш «бешубҳа, ба ҳамоҳангӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, алалхусус миёни давлатҳо ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Гурӯҳи кишварҳои арабӣ, Африқо ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) мусоидати ҷиддӣ менамояд».
Зимнан таъкид намудан зарур аст, ки танҳо дар марҳалаи Кувайтии Раванди Душанбе беш аз 500 нафар намояндагон, аз ҷумла 28 вазир ва намояндагони баландпояи 91 кишвари аъзо, 14 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, 24 коршинос аз созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои занону ҷавонон ва марказҳои таҳлилӣ иштирок намуданд.
Маҳз дар заминаи ташаббусҳои Тоҷикистон ва ташаккули «Раванди Душанбе оид ба мубориза ба терроризм» Созмони Милали Муттаҳид дар маҷмуъ чор Изҳорот:
— Изҳороти душанбегӣ — A/72/864, аз 07 майи соли 2018;
— Изҳороти душанбегӣ — A/73/884, аз 21 майи соли 2019;
— Изҳороти душанбегӣ — A/77/621, аз 18 ноябри соли 2022;
-Изҳороти кувайтӣ — A/79/612,аз 16 ноябри соли 2024 қабул намудааст.
Дар маҷмуъ, ҳамоишҳои сатҳи байналмилалии «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» бевосита ба саҳми барҷастаи Тоҷикистон дар соҳаҳои зерин мусоидати амиқ менамояд:
— муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез;
— ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил;
-ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо;
— тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ.