
30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии комплекси агросаноатии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Саховатро ифтитоҳ карданд.
Корхонаи парандапарварии ҶДММ Саховат ба хотири саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ҷиҳати истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Ҳалимбой Каримов таъсис дода шудааст.
Иқтидори корхонаи мазкур парвариши 80 ҳазор сар мурғи тухмдеҳ буда, дар як шабонарӯз дар он 65 ҳазор дона тухм истеҳсол мешавад.
Зарфияти истеҳсолӣ дар ин корхона устувор буда, қарор аст, дар оянда нигоҳубини 130 ҳазор мурғи тухмдеҳ ба роҳ монда шуда, дар як шабонарӯз 110 ҳазор дона тухм ба даст оварда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба иқдоми соҳибкор ҷиҳати таъсиси корхонаи парандапарварӣ баҳои баланд дода, ба масъулон дастур доданд, ки бобати рушди бештари соҳа имкониятҳои мавҷудаи истеҳсолиро васеъ истифода намуда, ҳамаи зинаҳои парандапарвариро дар истеҳсолот дурусту мақсаднок ба роҳ андозанд.
Масоҳати корхонаи парандапарварии ҶДММ Саховат як гектар заминро ташкил дода, дар он фаъолияти 3 мурғхона ва 1 коргоҳи чӯҷабарорӣ ба роҳ монда шудааст. Аҳли заҳмати корхона ба парвариши мурғҳои хушзот бо назардошти ба иқлими маҳал ва ба бемориҳои гуногун мутобиқ буданашон бартарӣ медиҳанд.
Зимнан, дар ҳудуди фабрика коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда низ фаъолият дорад, ки ба коркарди ашёи хом машғул мебошад.
Дар фабрикаи парандапарварии ҶДММ Саховат 25 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Дар доираи корҳои сабзу хуррамгардонии муҳити атроф, дар ҳудуди комплекси агросаноатӣ дар масоҳати муайян гармхонаҳо ташкил гардида, дар онҳо парвариши гулҳои мавсимӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар онҳо 15 нафар, асосан занон бо кор таъмин шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо рафти истеҳсолот тавсия доданд, ки масоҳати гармхонаҳо на танҳо барои гулпарварӣ, балки ҷиҳати парвариши дигар намуди маҳсулот васеъ истифода карда шавад.