Перейти к содержимому
 

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ.

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ, ки рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сарфарозии миллати куҳанбунёдамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ойини парчамдории халқи мо дар масири таърихи чандинҳазорсолаи он умеду ормон ва дастовардҳои мардуми сарбаланди мо, яъне давраҳои гузаштаи давлатдории тоҷикон ва даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони навинро таҷассум менамояд.

Тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиён, ки ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдории давлатдории миллии мо инъикос ёфтаанд, таҷассумгари асолату ҳувияти миллӣ ва нангу номуси тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсоз ва соҳиби таърихи бостонӣ ба шумор мераванд.

Парчами давлатӣ дар раванди бунёди давлатдории навин нишонаи возеҳи соҳибдавлатии миллат, мояи ифтихори шаҳрвандон ва омили муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии мардум ба хотири ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва илҳомбахши ҳар як фарди ҷомеа барои заҳмати содиқона ба хотири фардои ободу осуда мебошад.

Хусусан, дар вазъи мураккабу пешгӯйинашавандаи ҷаҳони имрӯза Парчами давлатии мо ба рамзи ҳувияти миллӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи марзу буми он ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат табдил ёфтааст.

Сатрҳои «Зи дурии замонаҳо расидаем, ба зери Парчами ту саф кашидаем», ки дар Суруди миллии кишвар садо медиҳад, дар замири ҳар як шахси огоҳу бедордил хотираи пур аз ифтихори таърихӣ ва эҳсоси садоқат ба ойину анъанаҳои деринаи миллиро бедор месозанд.

Тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ мо тавонистем, ки маҳз таҳти Парчами миллии худ раванди эъмори давлати пояндаи хешро бар пояи арзишу суннатҳои миллӣ вусъат бахшем.

Чанд рӯз пеш мо 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёрро ботантана таҷлил намудем, ки дар он Парчам ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси давлатӣ, нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон дарҷ гардидааст.

Яъне Парчам дар радифи Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мо мебошад.

Дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар баёнгари воқеияте мебошанд, ки мардуми шарафманди тоҷик таҳти Парчами давлатии худ имкони ба таърихи гузашта ва мазмуну моҳияти воқеии давлатдории навини хеш бо чашми ибратомӯз ва диди нав назар намуданро пайдо карданд.

Маҳз дар заминаи чунин ҷанбаҳои ибратомӯзи таърихи пурифтихори худ мо ба сӯйи ояндаи дурахшони давлат, Ватан ва халқи ободгару созандаамон бо эътимоди қавӣ ва қадамҳои устувор пеш рафта истодаем.

Ба ин маънӣ, ойини парчамдории мо ҳамчун суннати пайвандгари наслҳо ва омили иттиҳоду сарҷамъии сокинони мамлакат умри ҷовидонӣ хоҳад дошт.

Ҳамватанони арҷманд!

Имрӯз Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти парафшонии Парчами давлатии худ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳдӯст муаррифӣ гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ ибтикороти моро ба хотири ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла обу иқлим ва дигар масъалаҳои мубраму доғи рӯз дастгирӣ мекунад.

Ҳоло Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар радифи парчамҳои давлатии дигар кишварҳои олам дар созмонҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мебошад, ки дар баробари эҳсоси ифтихор масъулияти ҳар як фарди ҷомеаро баланд мебардорад.

Аз ин лиҳоз, эҳтироми Парчами давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ ҳамчун рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои пурифтихор ва қарзи виҷдониву инсонии ҳар як шаҳрванд дар дохил ва хориҷ аз кишвар ба ҳисоб меравад.

Арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ аз ҷониби сокинони кишвар, ба таври шоиста ва дар ҷойҳои муносиб афрохтани он, аз ҷумла дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооту биноҳои маъмуриву хизматрасонӣ, хатти марзи сарҳади давлатӣ, инчунин, дар манзилҳои истиқоматӣ нишонаи ифтихор аз давлату давлатдории навини тоҷикон мебошад.

Мо ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ бояд ҳамеша талқин намоем, ки парчами давлатӣ шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва рӯйи сурху сари баланди ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Хотирнишон месозам, ки мо таҳти Парчами давлатӣ ба дастовардҳои бузург, аз ҷумла ваҳдати миллӣ ва даврони созандагӣ расидем ва минбаъд низ бо ҳамин рамзи муқаддас сиёсати созандагиву бунёдкоронаро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми кишвар, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ пеш хоҳем бурд.

Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, орзумандам, ки ин рамзи муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол бар сари давлату миллати шарафманду сарбаланди тоҷик ба таври ҷовидона парафшон бошад ва моро ба сӯйи ояндаи ободу осуда раҳнамун созад.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!