ДУШАНБЕ, 23.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 ноябр, соати 14:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи омори пешниҳоднамудаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, имсол дар даври якуми озмун 251 ҳазору 266 нафар, дар даври дуюми он 49 ҳазору 267 нафар ва дар даври сеюм 3742 нафар иштирок намуданд. Дар даври сеюми озмун аз шаҳри Душанбе 458 нафар, аз вилояти Суғд 1330 нафар, аз вилояти Хатлон 1130 нафар, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 373 нафар ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 451 нафар иштирок намуда, аз ин шумора ба даври чоруми озмун 574 нафар роҳ ёфт.
Соли 2023 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 47 ҳазору 51 довталаб иштирок намуд, ки ин аз зиёд шудани шумораи китобдӯстдорон дар мамлакат дарак медиҳад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли шашум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёде иштирок мекунанд. Ин озмун ба дарёфти чеҳраҳои наву лаёқатманд мусоидат менамояд.
Ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён ҷараёни даври ниҳоии озмун пурра ба навор гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2025 маблағи мукофотпулӣ барои ғолибони ин озмун шуруъ аз мактабҳо то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда мешавад.