Перейти к содержимому
 

ЭҲЁГАРИ МУҚАДДАСОТ, ҶАШНҲО, ҲУНАРҲО ВА СИМОИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад.

ДУШАНБЕ, 16.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вақте ки мо  Президенти Тоҷикистон мегӯем, як шахси ватанпарвар, ошиқи суннатҳои волои халқи худ, эҳёгари муқаддасоти миллӣ, ҷашнҳои миллӣ, ҳунарҳои миллӣ,  одоби миллӣ ва симои миллиро мебинем, ки сари ҳар қадам ба мо дарси ифтихормандию ватандӯстӣ медиҳанд.  Имрӯз, пас аз садсолаҳо  мо ба Истиқлолияти давлатӣ-ин неъмати бебаҳои тақдир расидем ва акнун назари мо ба таърих, гузашта ва истиқлолияти бадастовардаамон ба куллӣ дигар гардидааст. Имрӯз мо ба хубӣ дарк менамоем, ки дар соҳибдавлатию соҳибистиқлолиямон саҳми Президенти Тоҷикистон беназир аст. Бо чунин матлаб оғоз гардидааст  мақолаи Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло  бахшида ба Рӯзи Президент.Дар идомаи матлаб шоир чунин ибрози назар кардааст:

-Имрӯз шаҳомати истиқлолият  ва қадру қимати онро  бештар эҳсос  мекунему ба қадри волои он мерасем. Ин аст, ки халқи тоҷик беш аз ҳарвақта дар таърих бо ҳама сиришту ҷисму ҷон имрӯз ватандӯсту озодипарвар аст. Дар ҷодаи худшиносии миллӣ, ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ бо дарку муҳаббати бузург ва эҳсоси баланди худшиносӣ  қадам мезанад. Ва ин ҳама дастовардҳое, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ бо роҳбарии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуданд,  самараи ҳамин хиради зотӣ, ҳамин муҳаббат ва ҷоннисориҳои ватандӯстонаи халқи мо мебошанд.

Имрӯз мо вақте ки Президент мегӯем, Пешвои миллат мегӯем, пеш аз ҳама пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ пеши рӯ падидор мешавад. Имрӯз мо вақте ки Президент, Пешвои миллат мегӯем, ваҳдати миллӣ ва ягонагии халқамон пеши назар меояд, ки ҳадафи олии сиёсати ватандӯстонаи Президенти Тоҷикистон буд. Мо вақте ки Президенти Тоҷикистон мегӯем, ҳама он бунёдкориву созандагиҳои беназир, ҳама шукуфоиҳо, боғу  гулгаштҳо,  кӯчабоғҳои сабзу хуррам, фаввораҳои оби зулол, кӯчаҳои бо чароғҳои рангин нусратбори мамлакат пеши назар меояд, зеро инҳо ҳама аввал дар ботини ватандӯстонаи Сарвари мо нурафшон шудаанду баъдан дар саросари ҷумҳурӣ интишор ёфтаанд.

Вақте мо Президенти Тоҷикистон мегӯем, пеш аз ҳама, симои ҷавонмардонаи Сарвареро пеши назар меорем, ки дар он рӯзҳои пурхавфу хатар ва тақдирсоз бо ҷасорат ва бовару эътимод ҷони худро дар хатар гузошта, ба ҷабҳаҳои гарону хунини мамлакат ва берун аз он, ба назди мухолифин, ба назди силоҳбадастон рафта, моҳияти ягонагии миллатро фаҳмонида, онҳоро ба ваҳдату ягонагӣ мехонданд.

Вақте мо Президенти Тоҷикистон мегӯем, пеши назари мо симои ин марди наҷиб меояд, ки дар он рӯзгоре, ки тирҳо аз болои сар мегузаштанду мардум  нони хӯрданиро ба мушкилӣ меёфтанд ва баъзан дар навбати нон шаҳид мешуданд, мардумро ба умеду боварӣ ба фардои дурахшон даъват менамуданд.

Вақте мо Президенти Тоҷикистон мегӯем, симои ӯро дар минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид мебинем, ки бо лафзи ширини тоҷикӣ, бо ин забони ноби Одамушшуаро Рӯдакиву Мавлоно Балхию  Ҳаким Хайёму Шайх Саъдӣ бо ҷаҳониён табодули афкор менамоянд.

Имрӯз дар пешорӯи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мо боз ҳам Сарвареро мебинем, ки ҳангоми сафарҳои хастагинопазирашон ба тамоми гӯшаҳои мамлакат бо баракати қадамашон ободиву бунёдкориҳо ба амал меоянд. Ҳар сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ид аст, зеро ҳосили ин сафарҳо ифтитоҳи корхонаҳову коргоҳҳои нави саноативу маданиву варзишӣ, иморатҳои нав ба нави замонавӣ, хусусан мактабҳову кӯдакистонҳо ва табобатхонаҳои дорои таҷҳизоти муосиртарин мебошад.

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баландтарин иншоот маҷмааҳои Нишони давлатӣ ва Парчами давлатии Тоҷикистон мебошанд. Ин магар ғояти баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллии мо нест?

Оё метавон эҳёи маънавиёти бузурги миллати мо, дубора ба асолати миллии худ, ба илму китоб ва шеъру адаб рӯ овардани мардумро нодида гирифт? Халқи тоҷик бо сарварии Президенти Тоҷикистон ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллати тоҷик миллати бунёдкору созанда аст, аҳли ҷангу набарду муноқишаҳо нест, балки ҳамеша бо ливои сулҳу дӯстӣ ва андешаҳову сиёсати башардӯстона  зиндагӣ мекунад. Силоҳе, ки мардуми мо дорад, китоб асту фарҳанг, яъне, илм асту адаб, санъат асту ҳунар.

Вақте мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мегӯем, эҳёи тамоми  маросими баланди инсонпарваронаву башардӯстонаи миллати мо пеши назар меояд. Магар эҳёи дубораи ҷашнҳои  Садаву Меҳргону Тиргону Наврӯз, ки бо онҳо асосҳои ҳастии инсонии мо, ойинҳои фархундаву некамон, фалсафаи инсондӯстонаву башарпарваронаи халқамон, ҳикмати фарҳангиву инсонии миллатамон  низ эҳёи дубора ёфт ва на танҳо эҳёи дубора, балки ҷаҳонгир шуд, вобаста ба иқдому ташаббус ва муҳаббати баланди ватандӯстонаи Пешвои миллатамон нест?

Бо шарофати Пешвои миллат дар сиёсати давлатии мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ пеш гирифта, ба онҳо арҷи баланд гузошта шуд. Оё ин нишони он нест, ки миллати тоҷик миллати ҳунару санъати баланд аст? Ва  ин ҳама бунёдкориҳо бо симои миллӣ, бо таҷассуми ҳама гуна ҳунарҳои беназири миллӣ, ки хориҷиёнро мафтун мекунанд, боз ҳам ташаббуси Президенти фарҳангдӯсти мо мебошанд.

Таҷлили ҷашнҳову бузургдоштҳои фарзандони наҷиби миллат, олимону адибони номвари гузаштаи мо, интишори осори адибони бузурги гузаштаамон дар замони инқирози нашри китоб таҳти унвони «Ахтарони адаб» дар ҷилдҳои бешумори муҷалло,  интишори пайвастаи асарҳои адибони муосир, осори олимони бузурги гузаштаву  имрӯз, баргузории озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», озмун дар мавзуи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, интишор ва тақдими китоби аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ ба ҳар хонадон амали бесобиқаву беназир ва иқдоми шоистаи Президенти Тоҷикистон мебошанд.

Имрӯз Тоҷикистон ва Сарвари онро ҳамчун ташаббускори бисёр иқдоми наҷиби барои инсоният тақдирсоз мешиносанду арҷ мегузоранд, ки ин ҳосили закову хирад ва чашми дурбини Пешвои миллати мо мебошад.

Метавон бад-ин оҳанг хеле ва хеле идома дод, зеро ҳар солу ҳар ҳафтаву ҳар рӯзу ҳар соати фаъолияти Президенти ватандӯсту инсонпарвари мо дар амалӣ сохтани нақшаҳои бузургу ҳадафҳои олии миллӣ ва башарӣ сипарӣ мешавад.

Бубинед, танҳо дар муддати якчанд соли охир симои шаҳру деҳоти мамлакат ва симои маънавии халқи куҳанбунёдамон чӣ қадар таровату  тозагӣ гирифтааст.  Имрӯз амнияту осоиштагӣ ва нишоту хуррамии миллату меҳанамон низ ҳосили ҳамин сиёсати ватанпарварона аст.

Мо бояд шукри чунин Пешвои муборакқадам кунем, ки ҳар боре ба ин ё он гӯшаи ҷумҳурӣ қадам мениҳанд, пешоқадами худ файзу баракат, шукуфоиву ободӣ  ва муҳаббату нишот мебаранд.

Ҳар боре Президенти Тоҷикистон ба ягон гӯшаи дунё  сафар мекунанд, қадамашон сулҳу осоишу хайрхоҳӣ меорад.  Ва ин ҳанӯз оғози пешрафту созандагиҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи ватандӯсту заҳматпарвари мо дар роҳи муқаддаси эҳёи миллии ин сарзамини куҳанбунёд дар ҷодаҳои фатҳи қуллаҳои нав ба нави армонҳои миллӣ мебошад.