Перейти к содержимому
 

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд.

ДУШАНБЕ, 16.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр барои мардуми тоҷик санаи пурифтихор  ва таърихӣ аст, зеро шаш сол муқаддам- 16 ноябри соли 2018 дар маросими тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чархаи нахустини Неругоҳи барқи обии /НБО/  «Роғун»-ро, ки  ояндаи  рушду пешрафти Тоҷикистон ба он сахт иртибот дорад, ба кор дароварда,  ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср оғоз бахшиданд. Бо ин неруи барқи истеҳсолгардида ба низоми   ягонаи энергетикии Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Пешвои миллат - поягузори сохтмони тарҳи бузурги миллӣ

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  воқеъан поягузори сохтмони ин тарҳи бузурги миллӣ- Неругоҳи барқи обии  «Роғун» мебошанд. Далели ин саҳм гузоштани Пешвои миллат  дар бунёди сарбанди  Неругоҳи барқи обии  «Роғун» аст. 8 сол  қабл -29 октябри соли 2016  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бунёди сарбанди неругоҳи «Роғун» иштирок намуда,  савори булдозер, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро иваз намуданд ва обро ба тариқи нақбҳои бузурги обгузар равона сохта, ба бунёди сарбанди неругоҳ оғоз бахшиданд.

Ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ин  иншооти стратегӣ амалӣ шуда, ҳадафаш ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ аст. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан — мутахассисону сохтмончиёни баландпоя  барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ ба таври шабонарӯзӣ заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз- рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад».      

Бунёди «Роғун» - ҷаҳиши бузург дар таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани ин тарҳи бузурги миллию стратегӣ пайваста саъю талош менамоянд.

Ин аст, ки сохтмони ин иншооти бузурги аср таҳти назорати  Президенти Тоҷикистон  қарор дошта, борҳо зимни сафарашон ба неругоҳи «Роғун» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳими стратегӣ  шинос гардидаанд.

Моҳи сентябри соли 2005 Сарвари давлат  дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ иштирок намуда, гуфта буданд, ки «сохтмон ва ба истифода додани ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад».

Пешвои миллат ҳар сол ба Неругоҳи барқи обии  «Роғун» сафар менамоянд

Давоми солҳои 2006-2016  ва то имрӯз қариб ҳар сол Президенти Тоҷикистон бо мақсади пешбурди корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии    «Роғун» сафар намуда, ба масъулин  дастуру супориш медиҳанд.  Хусусан зимни сафаре,  ки  охири моҳи сентябри соли 2024 ба ин  иншооти бузурги стратегӣ анҷом доданд,  ба вазорату идораҳои марбутаи мамлакат барои суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ дар ин неругоҳ супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, бо мақсади дар муҳлати муқарраргардида анҷом додани сохтмони Неругоҳи барқи обии  «Роғун», таъмин намудани сифати корҳо ва ба истифода супоридани иқтидори навбатии неругоҳ Сарвари  давлат ба Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» супориш доданд, ки барои вусъати иҷрои корҳо дар бунёди неругоҳ тадбирҳои қатъӣ ва саривақтӣ андешида,  дар ҳамбастагӣ бо пудратчиёни лотҳои 2, 3, 4 иҷрои корҳоро вобаста ба баланд бардоштани сарбанд то сатҳи 1110 метр ва ба истифода додани нақби сохтмонии қабати 4-ум дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд. Ҳамзамон  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмону баистифодадиҳии иқтидори Неругоҳи барқи обии «Роғун» иҷрои ҳатмии корҳоро тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монад. Дар ин раванд ҳамоҳангсозии корҳо барои баланд бардоштани сарбанд дар моҳи августи соли 2026 то сатҳи 1150 метр ва моҳи августи соли 2027 то сатҳи 1175 метр таҳти назорати қатъӣ қарор дода шавад.

Сарвари давлат супориш доданд, ки бунёди пули 920-метра аз болои обанбори неругоҳ тезонида шавад

Инчунин ба Вазорати молияи мамлакат  супориш дода шуд, ки  бо истифода аз имконияту манбаъҳо барои пардохти саривақтии маблағи корҳои анҷомёфта, хариди масолеҳ барои сохтмон, таҷҳизот ва сӯзишворӣ тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешад.

Ҳамзамон супориш дода шуд, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмон назорати сифати корҳои сохтмониро дар доираи қарордодҳои басташуда тақвият бахшида, лоиҳаҳои пешниҳодшавандаро сари вақт аз ташхиси давлатӣ гузаронад. Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ барои ҳамоҳангсозии корҳо бо Комиссия оид ба гузаронидани озмунҳои байналмилалӣ, вазорату идораҳои дахлдор, ширкатҳои машваратӣ, гурӯҳи коршиносон, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нурободро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд ва бунёди пули 920-метра аз болои обанбори неругоҳи «Роғун» тезонида шавад.

«Роғун» - замина ба дурнамои рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон

Сарвари давлат 28 сентябри соли 2024 дар мулоқот бо кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун таъкид намуданд, ки «шумо хуб дарк мекунед, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, рушди устувори иқтисодии мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва пешрафту ободии Ватанамон заминаи устувор мегузорад. Мо «Роғун»-ро беҳуда иншооти тақдирсози аср эълон накардаем. Аз ин рӯ, ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳ ва пурра ба истифода додани иқтидори он барои давлати мо аҳаммияти ҳаётӣ дорад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки ҷараёни сохтмон бо истифода аз шароиту имконияти иқтисодиву молиявӣ ва техникаву технологияҳои замонавӣ, инчунин бо риояи стандартҳои байналмилалӣ бояд тезонида шуда, иқтидори навбатии неругоҳ ҳатман дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода шавад».    

Сохтмони «Роғун» - намунаи беназири ватандӯстӣ ва мардонагӣ

Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии  «Роғун» ва мулоқот бо кормандони неругоҳ  таъкид намуданд, ки «бунёдгарони ин сохтмони тақдирсоз дар ин майдони нангу номуси миллӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ заҳмат кашида истодаанд. Заҳмати шабонарӯзию ватандӯстонаи шумо дар саҳифаҳои таърихи навини мамлакат бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Зеро неругоҳи «Роғун» қадами бузург дар ҷодаи расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон,  рушди устувору босуръати давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва муҳимтар аз ҳама, бамаротиб беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон ба ҳисоб меравад».

Инчунин Пешвои миллат афзуданд, ки «шумо ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки мардуми шарифи Тоҷикистон – хурду бузурги мамлакат интизори ҳарчи зудтар ба анҷом расидани бунёди ин иншооти сарнавиштсоз ва дар орзуи дидани пирӯзии коргарону мутахассисони неругоҳ мебошанд. Яъне ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани бунёди неругоҳ, пеш аз ҳама, ба манфиати мардумамон мебошад. Мову шумо дар ояндаи наздиктарин ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – бартараф кардани мушкилоти зиндагии мардум ва боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони азизамон мерасем».

Сохтмони  «Роғун» - бозгӯи сиёсати бунёдкоронаи Президенти Тоҷикистон

Бояд гуфт, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии  «Роғун» бо сарбанди баландияш 335 метр яке аз калонтарин неругоҳҳои обӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Иқтидори лоиҳавии неругоҳ ба 3600 МВт баробар буда, аз 6 агрегати 600 МВт  иборат мебошад. Неругоҳи барқи обии  «Роғун» дар ҳолати пурра ба кор даромадан дар як сол метавонад 17 миллиард кВт-соат неруи

барқ истеҳсол намояд. Барқи аз лиҳози экологӣ тозаи неругоҳ эҳтиёҷи ба барқдоштаи аҳолии Тоҷикистонро қонеъ намуда, ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла  бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва рушди соҳаи кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва сайёҳӣ, мусоидат намуда, ба ин восита ҳазорҳо ҷойи кор муҳайё мешавад. Бо ин Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ, ки яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, мушарраф мегардад.

Ин аст, ки имрӯзҳо бо саъю талоши хастагинопазири Пешвои миллат корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузурги мамлакат- Неругоҳи барқи обии  «Роғун» босуръат идома доранд. Ин бозгӯи сиёсати бунёдкоронаи Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.