Перейти к содержимому
 

Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид.

ДУШАНБЕ, 16.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳамоиш бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ  баргузор  гардид.

Дар ҳамоиш иброз шуд, ки бо мақсади  арҷгузорӣ ба  хизматҳои  арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шуруъ  аз соли 2016  16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Иштирокдорон изҳор доштанд, ки таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои маҳбуби точикон ва Президенти сулҳофар дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзӣ расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайваста аст.