ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Туҳфаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Туҳфа як адад мусаввараи андозааш 145х175 см буда, дар маркази он тасвири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наққошӣ шудааст. Ин туҳфа зимни маросими ифтитоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», Маркази байналмилалии дипломатияи минтақавии нақлиётӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ», ки дар заминаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, 29 октябр ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Вазорати нақлиёти мамлакат тақдим гардид.
Дар пасманзари мусаввараи Пешвои миллат дастовардҳои муҳимми роҳу нақлиёт дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, ба монанди нақби Истиқлол, Роҳи оҳани Душанбе – Бохтар – Кӯлоб, роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ, эстакадаи шаҳри Душанбе, кӯҳҳои осмонбус ва дигар бинову иншооти замонавӣ бо санъати баланди тасвирӣ инъикос гардидаанд.
Ин туҳфа бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардида, ҳоло дар толори намоишии шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллӣ дар гӯшаи алоҳида тибқи муқаррароти осорхонавӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст.