Перейти к содержимому
 

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

31 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо то охири соли 2024 баррасӣ шуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро дар нуҳ моҳи соли 2024 ҳамаҷониба таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 8,4 фоиз таъмин гардид.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 15 фоиз, кишоварзӣ зиёда аз 11, хизматрасонии пулакӣ 16, боркашонӣ 15, мусофиркашонӣ ва гардиши савдо 12 ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 7 фоиз афзоиш ёфта, сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок 3 фоизро ташкил намуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо вуҷуди натиҷаҳои зикршуда, ҳанӯз як қатор камбудиву норасоиҳо ба назар мерасанд, ки аз Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро талаб менамоянд.

Супориш дода шуд, ки тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад.

Таъкид гардид, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 105,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет дар маҷмӯъ, 33,3 миллиард сомонӣ ворид шудааст.

Роҳбари давлат иброз доштанд, ки дар кишвар дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 334 миллион доллар сармояи мустақими хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 58 фоиз зиёд мебошад.

Вазорату идораҳои марбута аз Пешвои миллат дастур гирифтанд, ки барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлил ба масъалаи вусъат додани раванди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва рақамикунонии пешниҳоди хизматрасониҳо диққати аввалиндараҷа дода, самаранок ба роҳ мондани фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро талаб намуданд.

Барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар супориш дода шуд, ки масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолии амалкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ҳалли мушкилоти корхонаву коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда, бартарафсозии монеаҳои сунъиву маъмурӣ ва фароҳамсозии шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба андешаи Роҳбари давлат дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар соҳаи энергетика паст кардани сатҳи талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии маблағи истифодаи он ҳамчун мушкилоти ҳалталаб боқӣ мондааст.

Супориш дода шуд, ки татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таъмин гардида, дар самти ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ, ҷамъоварии саривақтии маблағ аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо тадбирҳои муассир амалӣ карда шаванд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ таъкид гардид, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар ба 52,3 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 11,4 фоиз зиёд мебошад. Вале суръати рушди истеҳсоли баъзе маҳсулоти соҳа нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 паст гардидааст.

Вобаста ба ин, дастур дода шуд, ки ба масъалаҳои сари вақт гузаронидани кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо ва сабзавоти барвақтӣ, иҷрои дурнамои кишти зироатҳо, риояи ҳатмии меъёрҳои агротехникии захираи тухмиҳо ва таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифат, инчунин, рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ эътибори аввалиндараҷа дода шаванд.

Роҳбари давлат барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва дигар масъалаҳои ҳалталаби соҳаҳои иҷтимоии кишвар ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода, аз масъулин талаб карданд, ки иҷрои қатъии онҳоро таъмин намоянд.

Ба вазорату идораҳои дахлдор барои тақвият бахшидани фаъолияти намояндагӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар, вусъат додани ҳамкории байналмилалӣ ва гуногунсамтии муҳоҷират супоришҳои дахлдор дода шуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба намояндагони ба шаҳру ноҳияҳо вобасташудаи Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки назоратро барои вусъат додани бунёду таҷдиди иншооти банақшагирифташуда суръат бахшанд ва сифати корҳои сохтмонро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2024 ҳисоботи роҳбарони вазоратҳои дахлдор, инчунин масъулони дигар мақомот шунида шуд.

Дар идомаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 ва дурнамои  нишондиҳандаҳои  буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027 баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли оянда бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеӣ ва инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст.

Таъкид шуд, ки даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 49,5 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2024 ба маблағи 6,6 миллиард сомонӣ ё 15,4 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли 2025-ум 29,9 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 35,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети соли 2024 ба маблағи 6,5 миллиард сомонӣ ё 22,5 фоиз зиёд ба нақша гирифта шудааст.

Роҳбари давлат иброз доштанд, ки хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 51,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2024-ум 7,5 миллиард сомонӣ ё 17 фоиз зиёд буда, ба 31,1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли оянда баробар мебошад.

Тавре таъкид гардид, таъмин намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар дар сиёсати молиявии Ҳукумати кишвар самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

“Дар буҷети давлатӣ барои соли оянда барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 23,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки 46,3 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14,4 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад”- иброз доштанд Роҳбари давлат.

Гуфта шуд, ки дар соли 2025 барои рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар пешбинӣ шудааст, ки аз буҷети давлатӣ 15,2 миллиард сомонӣ равона карда шавад.

Дар робита ба дурнамои  нишондиҳандаҳои  буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027 таъкид гардид, ки нишондиҳандаҳои дурнамои даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 - 2027 давоми мантиқии лоиҳаи буҷети соли 2025 мебошанд.

Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2026 дар ҳаҷми 53,4 миллиард сомонӣ ва дар соли 2027-ум 57,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2026 ба маблағи 54,9 миллиард сомонӣ ва соли 2027 дар доираи 59,3 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар давраи миёнамуҳлат, нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2025 ва дурнамои он барои солҳои 2026-2027 дар назди вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдори кишвар вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки барномаву нақшаҳои қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат сари вақт, пурра ва сифатнок таъмин карда шуда, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи вазифаҳои муҳимми давлатӣ иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2025-2027 таъмин гардад.

Баъди баррасӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 ва дурнамои  нишондиҳандаҳои  буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027 қабул карда шуд.

Сипас, дар маҷлиси Ҳукумати кишвар лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Масъалаҳо дар бораи Барномаи миёнамуҳлати солҳои 2024-2026 Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2024-2026 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар фароварди маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилот супориш доданд, ки корҳоро барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани зимистон дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус муассисаҳои иҷтимоӣ ҷоннок намоянд.

Дастуру супоришҳо ҳамчунин барои захираи кофии маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд.