Перейти к содержимому
 

Ифтитоҳи биноҳои нави иловагии 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ.

26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Мадади деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ 2 бинои нави иловагии таълимиро ифтитоҳ намуданд.

Биноҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда аз 2-ошёна иборат мебошад ва барои 650 нафар хонанда дар ду баст, пешбинӣ шудааст.

Иншооти мазкур аз 13 ҳуҷра барои таълиму тарбия, 2 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон ва толор барои машғулиятҳо иборат буда, тамоми синфхонаҳо бо аёниятҳои донишандӯзӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави иловагии таълимӣ шумораи умумии кормандон дар муассисаи мазкур ба 85 нафар расонида шуд.

Ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар бинои навтаъсиси таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин муассисаҳоро дар сатҳи деҳот намунаи хуби дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар маънидод карданд.

Ҳама синфхонаҳои муассиса дар фасли сармо тариқи низоми гармидиҳии мустақил гарм нигоҳ дошта мешавад.

Дар шафати бинои иловагии навтаъсиси таълимӣ майдончаи тобистонаи варзишӣ пас аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Майдончаи варзишии мазкур барои бозии футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ шуда, заминаи хубест барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба бозиҳои гуногуни варзишӣ.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №73 дар деҳаи Охтоқи деҳоти Қиблаӣ ва бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Мавҷи шаҳраки М.Турсунзодаро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зимни муаррифии бинои нави иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №73 ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки он 2-ошёна буда, сохтмонаш соли 2024 шуруъ гардида буд ва ҳоло бо сифати баланд ва шароити замонавӣ омода шудааст.

Бинои иловагӣ дорои 20 синфхонаи барҳавои таълимӣ ва 2 ҳуҷраи корӣ буда, барои 1000 хонанда дар ду баст бо саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ ва дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар пайравӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст.

Бинои иловагии навбунёд ба низоми гармидиҳии мустақил пайваст буда, ҳамаи синфхонаҳо дар мавсими сармо бо гармӣ таъмин карда мешавад.

Бинои 2-ошёнаи иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Мавҷи шаҳраки М.Турсунзода бошад, аз 8 синфхонаи барҳаво, ҳуҷраи омӯзгорон ва иншооти ёрирасон иборат буда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳа бунёд шудааст.

Дар 3 иншооти навбунёди таълимӣ, ки дар заминаи таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат барои дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон сохта шудаанд, барои 2050 хонанда заминаи хуби донишандӯзӣ фароҳам оварда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит ва имкониятҳои фароҳамгардида дар биноҳои навбунёди таълимиро қаноатбахш арзёбӣ намуда, аз хонандагон омӯзиши илмҳои замонавӣ, рӯ овардан ба таъриху тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ва аз омӯзгорон бо масъулияти баланд фаъолият намуданро тақозо карданд.