Перейти к содержимому
 

Ифтитоҳи бинои Беморхонаи марказии шаҳри Норак пас аз таъмиру навсозӣ.

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак бинои Беморхонаи марказиро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода, бо шароити хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Бинои асосии Беморхонаи марказии шаҳри Норак аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои зиёда аз 190 ҳуҷра, аз ҷумла 132 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 136 кат, шуъбаҳои кӯдакона, эҳё, ташхис, дилшиносӣ, таваллуд, амрози даруна, занона, ҷарроҳӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Масоҳати умумии беморхонаи мазкур наздики 6 гектарро ташкил медиҳад.

Корҳои навсозию бунёдӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Норак бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасонӣ ба модару кӯдак, ки ба таври пилотӣ дар 4 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон роҳандозӣ гардидааст, иҷро шуд. Дар ин раванд дегхонаи нав, ҳуҷраи либосшӯӣ ва безараргардонӣ низ бунёд гардид.

Ҳамзамон дар доираи ин лоиҳа ба муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Норак дастгоҳу таҷҳизоти муосир дастрас карда шуда, кормандони онҳо ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб гардиданд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи тандурустӣ тамоми шуъбаҳои беморхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии Беморхонаи марказии шаҳри Норак солҳои 60-уми асри гузашта бунёд ёфта, бо гузашти солҳо таъмирталаб шуда буд.

 Таъмиру навсозӣ дар иншооти соҳаи иҷтимоӣ дар шаҳри Норак бо ҷалби мутахассисону муҳандисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон 3” соли 2022 оғоз гардид. Коргарон дар вақти сохтмон аз масолеҳи аълосифати ватанӣ истифода бурда, корҳоро дар муҳлати муайянгардида бо риояи санъати хоси меъмории миллию муосир ба анҷом расондаанд.

Иншоот туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони шаҳри Норак дар рӯзҳои таҷлил аз  ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешавад.

Дар баробари иҷрои корҳои таъмиру навсозӣ ба муассисаи тандурустӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла ҷарроҳӣ, оксигенераторҳо, рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхисии ултрасадо,  сабти барқии дил  ва таҷҳизоти нодири ташхису муолиҷаи гурда аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо маблағи беш аз 730 ҳазор доллари амрикоӣ ворид карда шудааст.

 Шароити муосир дар беморхона, ки аз баракати сулҳу субот ва  Истиқлоли давлатӣ фароҳам омад, акнун имкон медиҳад, ки табибони шаҳри Норак ташхису муолиҷаи бемориҳои гуногунро дақиқ ба роҳ монанд ва барои сокинон дар сатҳи баланд хизмат намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ, ба кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Норак ду воситаи нақлиёти  ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа намуданд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои муассисаи тандурустӣ пас аз таъмиру навсозӣ мушкили чандсолаи аҳолии беш аз 67 ҳазор нафараи шаҳри Норак дар самти дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ бартараф гардид. Барои табобати саривақтии бемориҳои гуногун ба ҳайати беш аз 360 нафараи кормандону табибони ин муассисаи тандурустӣ шароити хубу ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фароҳам оварда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати самимӣ бо табибон ва кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Норак барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон ва муомилаи хуш бо беморон ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар шаҳри Норак 25 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 104 табиби ботаҷриба ба сокинон хизмати тиббӣ мерасонанд.