Перейти к содержимому
 

Ифтитоҳи МД «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» дар шаҳри Душанбе.

27 август дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» ифтитоҳ гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ин муассисаи таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити таҳсил ва омӯзиши нозукиҳои санъат дар иншооти тозабунёд аз наздик шинос шуданд.

 Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим дорои шароити муосир барои омӯзиш ва аз худ намудани нозукиҳои санъати мусиқӣ ва рассомӣ буда, аз 4 ошёна иборат мебошад.

Иншооти мазкур дорои 61 синфхонаи барҳаво, 4 толори рақс, китобхона, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраи таъмири созҳои мусиқӣ, толорҳои хурду калони консертӣ, осорхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Бо истифода аз шароиту имконоти мусоид 30 нафар устодони моҳир ва соҳибтахассус ба шогирдон малакаи касбӣ ва таърихи санъату назарияи мусиқиро омӯзиш медиҳанд.

Дар иншооти мазкур бештар аз 500 нафар дар як баст ба таҳсил ва омӯзиши ҳунарҳои гуногун фаро гирифта мешаванд.

Дар маҷмуъ ҳайати омӯзгорон имкон доранд, ки дар нуҳ шуъбаи фаъолияткунанда навозиши фортепиано, созҳои нафасӣ, миллӣ, зарбӣ ва ҳам овозхонӣ, санъати тасвирӣ, маҳорати театрӣ ва дигар ҳунару истеъдодро ба шогирдон омӯзонанд.

Дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол бунёди иншооти фарҳангӣ, махсусан таълимгоҳҳо, зиёд гардида, амалӣ кардани чунин тадбир дар рушди мусиқии тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги аҳолӣ ва ҳисси миллии шаҳрвандон нақши муносиб мегузорад.

Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, фармоишгар Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе, пудратчӣ ҶДММ «СТС ИНШООТ» мебошад ва корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ҶДММ «Муҳандис-лоиҳакаш» сурат гирифтааст.

Ба бунёди иншооти мазкур 136 нафар мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардида, корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати ватанӣ анҷом дода шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба масъулини дахлдор дастур доданд, ки барои дар ояндаи наздик ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои ҳайкалтарошӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ ва кандакорӣ тадбирҳои ҷиддӣ роҳандозӣ намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон ва масъулини соҳа дастур доданд, ки ба наврасону ҷавонон ҳама нозукиҳои фарҳангу санъатро омӯзонанд, то онҳо тавонанд муаррифгари шоистаи санъати мусиқии тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бошанд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки наврасону ҷавонони дорои ҳунару истеъдод аз дигар муассисаҳо ба омӯзиш дар ин муассиса ҷалб карда шаванд, то аз беҳтарин шароиту имкониятҳои дар ин ҷо фароҳамшуда васеъ истифода намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар барномаи консертии доирнамудаи тарбиятгирандагони Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим иштирок намуданд.

Барномаи рангини фарҳангӣ, ки бо истифода аз созҳои мусиқии миллӣ ва муосир, инчунин оҳангу сурудҳои ватандӯстонаву муаррифгари фарҳанги волои миллати тоҷик пешкаш гардид, хеле ҷолибу диданӣ арзёбӣ шуд.