Байни Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо гардид
Тавре қаблан иттилоъ додем, 22 август дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон маросими имзои 16 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.
Дар доираи Ёддошт ҷонибҳо дар самти табодул ва таҳияи контентҳои муштарак, аз ҷумла хабарҳо, гузоришҳои мавзуӣ, барномаҳо, филмҳои мустанад, инъикоси рӯйдодҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои ду ҷумҳурӣ ҳамкорӣ менамоянд.
Инчунин ҳарду ҷониб дар доираи тавон ва имкон ба шабакаҳои давлатии телевизионӣ ва радиоие, ки дар ҳудуди ду давлат пахш мегарданд, мусоидат намуда, кумаки техникӣ мерасонанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон