ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 август, соати 12:00 варзишгардухтари тоҷик Мунира Абдусаломова дар вазни то +67 кг дар даври аввали Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 аз намуди таэквондо бо намояндаи Фаронса Алтея Лорен рақобат мекунад. Дар ин хусус муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки Алтея Лорен дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио -2020 ба гирифтани медали биринҷӣ ноил шуда буд.
Ба Мунира Абдусаломова дар ин рақобати мушкил муваффақият таманно дорем.