Перейти к содержимому
 

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

29 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо дар нимаи дуюми сол баррасӣ карда шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳамаҷониба таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо амалӣ гардидани иқдомҳои созанда ва пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2024 тамоюли мусбати рушди иқтисоди миллӣ нигоҳ дошта шуда, раванди афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар аксар соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ идома ёфт.

Таъкид карда шуд, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2024 суръати рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 8,2 фоиз таъмин шуда, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 61,7 млрд сомонӣ баробар гардид.

Рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 11,5, кишоварзӣ 9,6, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 15,7, гардиши савдо 11,9, хизматрасонии пулакӣ 16,6, боркашонӣ 13,8, мусофиркашонӣ 9 ва гардиши савдои хориҷӣ 29,3, аз ҷумла содирот 47,1 фоиз таъмин гардид.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки сатҳи таваррум дар ин давра 1,9 фоизро ташкил дод.

Нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2024 дар сатҳи 107,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 21,2 млрд сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 1,5 млрд сомонӣ зиёд аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъмин гардидани нишондиҳандаҳои мусбати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ тақвияти фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дигари давлатиро зарур шумурданд.

Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо супориш гирифтанд, ки бо дарназардошти таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ, бахусус шиддат ёфтани бархӯрдҳои геосиёсӣ, таҳримҳо, низоъҳои тиҷоратӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим фаъолиятро дар самти татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ тақвият диҳанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои давлатиро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати таъмини минбаъдаи рушди устувори кишвар ва устувории иқтисоди миллӣ, ҷалби бештари сармоя, бахусус сармояи мустақими хориҷиро вусъат бахшида, бо мақсади таъмини суръати рушди иқтисодӣ ба андозаи на кам аз 8 дарсад ва устувории макроиқтисодӣ корҳоро ҷоннок намоянд.

Сарвари давлат ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати рушди шабакаҳои таҳвил ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва рушди инфрасохтори ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки тавассути васеъ истифода намудани технологияҳои рақамӣ, коҳиш додани омилҳои инсонӣ ва амалҳои коррупсионӣ имкон аст ҳаҷми даромадҳо ба буҷети давлатӣ хеле афзоиш дода шавад.

Барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар супориш дода шуд, ки дар самти ба кор андохтани иқтидорҳои бозистода ва пешгирии раванди аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ, бахусус пешгирии раванди коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли як қатор маҳсулоти саноатӣ чораҳои иловагии таъхирнопазир андешида шавад.

Ҳукумати мамлакат вазифадор шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мушкилоту монеаҳои мавҷударо бартараф карда, тибқи супоришҳои қаблӣ тавассути татбиқи самараноки стратегияву барномаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин ва нақшаҳои пешбинишударо босифат ва сари вақт иҷро намоянд.

Роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки бо истифода аз тамоми имконияту захираҳо самаранокии фаъолияти соҳаҳои иқтисоди миллиро таъмин карда, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Зарур шумурда шуд, ки то охири соли ҷорӣ ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии раванди пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои гайринақдӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин раванд номида шуд.

Шахсони масъул вазифадор шуданд, ки натиҷаҳои самарабахшро доир ба рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ, хусусан, дар самти пурра ба таври электронӣ ва фосилавӣ ба роҳ мондани ҳамаи хизматрасониҳои давлатӣ таъмин намоянд.

Вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ба таври қатъӣ ба роҳ мондани қабули пардохтҳо ба тариқи ғайринақдӣ барои хизматрасониҳои давлатӣ, бахусус, дар муассисаҳои тиббӣ, маориф, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва сохторҳои он, бахшҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалии давлатии шаҳру ноҳияҳо барои андешидани тадбирҳо вазифадор шуданд.

Президенти кишвар ба вазоратҳои марбута, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаҳои давлатӣ ҷиҳати иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2024 супоришҳои мушаххас доданд.

Дастур дода шуд, ки бо мақсади дарёфти манбаъҳои нави даромад ба буҷети давлатӣ, инчунин, коҳиш додани бақияпулиҳои андоз ва пешгирӣ кардани пайдоиши бақияпулиҳои нав тадбирҳои муассир андешида шавад.

Масъулин вазифадор шуданд, ки барои сари вақт иҷро гардидани ухдадориҳои иҷтимоии давлат, махсусан, дар самти пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо, беҳтар гардонидани хизматрасониҳои тиббӣ чораҳои зарурӣ андешида, нақшаи маблағгузории соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиро таъмин созанд.

Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ супориш дода шуд, ки амалисозии саривақтии лоиҳаҳои сармоягузориҳои давлатиро таъмин намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои саривақтӣ ва қатъӣ андешанд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз Президенти кишвар супориш гирифтанд, ки ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои судмандро амалӣ намоянд.

Таъмин намудани рақобатнокии маҳсулоти асосии содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш, ташкили истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда, тақвияти иқтидори содироти мамлакат, муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои содироткунандагон аз дастури дигар ва муҳими Президенти кишвар буд.

Супориш дода шуд, ки идораҳои дахлдор барои татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар чораҳои мушаххас андешанд.

Зарур шумурда шуд, ки ҷорӣ намудани низоми биллинги, баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ ва якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сари вақт аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо ҷамъоварӣ кардани маблағ таъмин карда шавад.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли неруи барқ ва таъмин намудани сарфаҷӯйии энергия корҳоро дар самти истифодаи манбаъҳои алтернативӣ ва барқароршавандаи энергия, аз ҷумла доир ба бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ тақвият бахшад.

Дастуру супоришҳо ҳамчунин ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, зиёд намудани майдони гармхонаҳои доимоамалкунанда, сохтмони сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот ва таъмини мунтазами аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза, баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва рақамикунонии соҳа, дода шуд.

Таъсиси портали интернетӣ бо мақсади робитаи доимӣ ва ташаккули махзани маълумоти иттилоотию таҳлилӣ дар бораи диаспораҳои тоҷикон, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва забондонии онҳо зарур шумурда шуд.

Ҳамчунин сохторҳои марбута дастур гирифтанд, ки соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишварро ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ҳаматарафа омода намоянд.

Доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳисоботи роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, раисони кумитаи андоз ва хадамоти гумрук, инчунин роҳбарони дигар мақомоти дахлдор шунида шуд.

Дар идомаи маҷлиси Ҳукумати кишвар лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ” муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Нақшаи амали Стратегияи ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2037 барои солҳои 2024-2026, масъалаҳои Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ва таъсиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе” баррасӣ карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар фароварди маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳои давлатиро ба иҷрои ҳатмӣ ва бечунучарои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуданд.

Дастуру супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба омодагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.