Перейти к содержимому
 

Дар Душанбе масъалаи таҷҳизонидани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо техникаву технологияи муосир баррасӣ шуд.

ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 июл дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси кумита Фарҳод Раҳимӣ бо Сафири Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис доир гардид, ки дар он ҷонибҳо ба  густариши бештари ҳамкорӣ  ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар  Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ  хабар доданд, дар мулоқот Фарҳод Раҳимӣ дар бораи самтҳои фаъолият ва дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин таҳкими заминаи моддиву техникии ин муассисаҳо маълумоти мушаххас дод.

Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро ба сифати яке аз ҷузъҳои муҳими низоми маориф арзёбӣ менамояд, зеро ин зинаҳо тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро бо мутахассисони баландихтисос таъмин намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон саҳми босазо  мегузоранд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади таҳкими фаъолияти босамар ва беҳтар намудани шароити таҳсил Кумита талош меварзад, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати навсозӣ, таъмиру тармим, таҳкими пояи моддиву техникии муассисаҳо, аз ҷумла бо лавозимоти озмоишгоҳӣ, асбобу анҷом, техникаву технологияи зарурӣ, асбоби аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои таълимӣ, дастурамалҳои корӣ ва тавсиявӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонад.

Раймундас Кароблис изҳорӣ омодагии худро ҷиҳати таҷҳизонидани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ  бо техникаву технологияи зарурӣ, асбобҳои аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои таълимӣ ва дастурамалҳои корӣ баён дошт.