Перейти к содержимому
 

Даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» оғоз гардид.

ДУШАНБЕ, 14.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи технологӣ хабар доданд.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки олимпида дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020 — 2040, инчунин бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорию навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагон ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар байни хонандагони литсейҳои касбии техникӣ баргузор мегардад.

Таъкид гардид, ки олимпиада бори аввал бо ташаббуси Кумита доир шуда, иштирокчиёнро аз 53 муассисаи таҳсилоти ибтидоии мамлакат ҷамъ овардааст. Олимпиада ба амалигардонии Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва тайёр намудани хонадагон барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва ба ин васила баланд бардоштани маҳорати касбии хонандагон дар раванди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ бахшида шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки даври якуми олимпиада дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки 795 хонанда баргузор гардида, 240  нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар ҷамъбаст ғолибон бо Ифтихорнома, Сипоснома, туҳфаҳои молию пулӣ қадрдонӣ ва инчунин беҳтаринҳо барои таҳсил ба тариқи ройгон ба коллеҷҳо аз рӯи равия тавсия мешаванд.