Перейти к содержимому
 

Дар Ҳисор даври дуюми мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» доир шуд.

ДУШАНБЕ, 02.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» байни дастаҳои ғайрикасбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба роҳ монда шуд. Дар доираи ин дар шаҳри Ҳисор даври аввали мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии деҳаю маҳаллаҳо гузаронида шуда, ғолибони даври якум барои иштирок ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Даври шаҳрии мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии ҷамотаҳои шаҳраку деҳот, ки дар даври якум ғолиб гардида буданд, оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ роҳбарияти ҳизб доир ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (СAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори нахуст бо қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид, ибрози назар карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки мусобиқа дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ ва сатҳу сифати нав гузаронида шуда, заминаи мусоид ва таҷрибаи хуб барои омодагиҳо ба даврҳои минбаъда мебошад.

Мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии кишвар, таъмини иҷрои «Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» ва муайян намудани беҳтарин дастаи футболи ғайрикасбӣ дар шаҳри Ҳисор гузаронида мешавад.

Дар марҳилаи интихобӣ, ки дар сатҳи деҳаҳо, маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баргузор гардид, аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа оммавияти футбол таъмин гардида, ба даври шаҳрӣ 12 дастаи беҳтарин роҳ ёфт. Баъдан мусобиқа байни дастаҳо тибқи муқаррароти Низомнома оғоз гардид.

Аз ҷониби Кумитаи тадорукот барои ғолибони даври шаҳрии мусобиқа ҷом, медал ва диплом омода карда шудааст, ки дар вазъияти тантанавӣ тақдим мегардад.

Ба ғолиби даври шаҳрӣ барои иштирок дар даври минтақавӣ роҳхат дода мешавад.