Перейти к содержимому
 

Беҳтарин тараннумгарони Ватан муайян гардиданд.

ДУШАНБЕ, 27.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 21 нафар ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» муайян гардиданд. Озмун бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ва дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар он Шоира Мадалиева сазовори ҷойи аввал, Бахтиёр Раҳмониён, Зайнаб Ҳусейнова сазовори ҷойи дуюм ва Ғунчагул Нурализода, Рустам Азимов сазовори ҷойи сеюм шуданд. Инчунин дар озмун чанд иштирокчии фаъол соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Дар маҷмуъ 21 иштирокчии фаъол аз тарафи кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ карда шуданд.

Мақсад аз баргузории озмун боло бурдани ҳисси худшиносии ҷавонон, тарғиб ва тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ дар замири ҳар фарди мамлакат, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ ва кашфи истеъдодҳои ҷавон мебошад.

Шарти Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» ин буд, ки иштирокчиён дар дилхоҳ гӯшаи табиати Ватан бо телефони ҳамроҳи худ (ё дигар дастгоҳҳои наворбардорӣ) шеър, тарона ё сурудеро дар васфи Ватан замзама намуда, онро ба унвони рӯзнома ирсол менамоянд.

Маводи ирсолнамудаи иштирокчиён танзим шуда, дар гурӯҳҳои фейсбукӣ ва ютубии рӯзнома ҷой дода шуд.

Ëдовар мешавем, ки озмун моҳи апрел оғоз гардида, то 15 май идома ёфт.