Перейти к содержимому
 

Дар Душанбе Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бошукуҳ таҷлил мегардад.

ДУШАНБЕ, 24.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузории барномаи идонаи фарҳангиву фароғатӣ, хамчунин ташкили намоиши ҳунару эҷод, мусаввараҳои беҳтарин, дастовардҳои кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе ва озмуни расмкашӣ дар назар дошта шудааст.

Раиси шаҳр барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ ва фарҳангиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба масъулини пойтахт супоришҳои мушаххас доданд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил мешавад, дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон, аз ҷумла дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои  таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакони пойтахт, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддӣ ва таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми имкониятро истифода мебарад. Ҳар сол барои таҷлили бошукуҳи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барои тарбиятгирандагони ҳамаи мактаб-интернатҳо ва хонаи кӯдакони пойтахт дастурхони идона ороста, барномаҳои ҷолибу рангини фарҳангию фароғатӣ пешниҳод мегарданд. Аз ҷониби масъулин ба ҳар як кӯдак туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим мегарданд.

Ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ин рӯз пахши маводи таблиғотӣ, рекламаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ҳаёти кӯдакону наврасон ба воситаи таблоҳои электронии шаҳри Душанбе, таҳияи барномаҳои телевизионию радиоӣ ва мақолаҳо дар мавзуъҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни онҳоро ба нақша гирифтааст.