ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти кумитаву идораҳои давлатӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни мактабҳои олии мамлакат Озмуни IV ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии /МТОК/ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар маросими ифтитоҳи Озмуни IV ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иброз намуд, ки «озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 бахшида мешавад».
Гуфта шуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуда, доим таъкид менамоянд, ки раванди назорати азхудкунии донишҳои муосир пурзӯр карда шуда, насли ҷавон бояд ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Соли чорум аст, ки раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба фанҳои математика, технологияҳои иттилоотӣ, химия, физика, география ва ҳуқуқ барои дарёфти «Ҷоми раёсати ДБССТ» баргузор менамояд.
Барои баланд бардоштани завқи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамзамон омӯзиши забонҳои хориҷӣ соли сеюм аст, ки озмун дар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ доир карда мешавад.
Озмуни имсола аз озмунҳои қаблӣ каме фарқ дорад, зеро барои дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бори аввал ба Ҷоми раёсати донишгоҳ фанни ҳуқуқ ворид карда шуд.
Дар Озмуни IV-уми ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми раёсати ДБССТ» донишҷӯён маҳораташонро дар илмҳои риёзиву дақиқ, табиӣ ва ҳуқуқ месанҷанд. Масъулини донишгоҳ ва мутахассисони ҷалбгардида баҳри дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани озмун ва ба тариқи шаффоф муайян намудани ғолибон тадбирҳои зарурӣ андешидаанд.