Перейти к содержимому
 

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд.

ХУҶАНД, 16.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки як гурӯҳ намояндагони музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардуми Чин бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд шинос шуданд.

Ҷонибҳо дар самти таҳия ва нашри маводи илмии муштараки олимони донишгоҳ, гузаронидани конференсия ва симпозиумҳои сатҳи байналмилалӣ, табодули таҷрибаи устодон ва донишҷӯён, такмили ихтисос, гузаронидани таҷрибаомӯзии магистрантон ва докторантон маслиҳат намуда, доир ба густариши равобит изҳори ҳавасмандӣ ва омодагӣ намуданд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд танҳо давоми соли таҳсили 2023-2024 бо панҷ муассисаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла Донишгоҳи технологии Шанхай, Донишкадаи савдои Донишгоҳи омӯзгории Шинҷон, Донишгоҳи педагогиии Синсзян, Донишгоҳи Лиаодонг ва Маркази таълими забон ва ҳамкорӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.