СУҒД, 16.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 23 май чун дар тамоми ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд низ таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат!» Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ташкилу гузаронидани хонишҳои сиёсӣ байни ҷавонон, суҳбату вохӯриҳо бо афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ, конфронсу маҳфилҳои илмиву адабӣ, иқдоми «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз!», шанбегии умумӣ таҳти унвони «Ин Ватанро мо — ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» гузаронида мешаванд.
Ҳамчунин баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бо номи «Ҷавонон ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол», дидорбинӣ бо ҷавонону наврасони бемору маъюб, ба донишҷӯён супоридани Стипендияи Раиси вилояти Суғд ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон давоми моҳи май дар вилояти Суғд Дави миллӣ гузаронида мешавад.