Перейти к содержимому
 

Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд.

НОРАК, 02.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 зиёда аз 180 хонандаи болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳри Норак дар олимпиадаи байналмилалии «Глобус» аз фанҳои забони русӣ, забони англисӣ ва математика тариқи фосилавӣ иштирок намуда, соҳиби 35 медали тилло, нуқра, биринҷӣ ва зиёда аз 150 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус роҳбари Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаи маорифи шаҳри Норак Саломат Саидова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Танҳо аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Норак дар олимпиадаи байналмилалии «Глобус» 68 хонанда аз се фанни таълимӣ иштирок намуд, ки дар натиҷа 8 нафар аз фанни забони русӣ, 6 нафар аз фанни забони англисӣ ва 6 нафар аз фанни математика сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм гардида, бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон дар даври дуюми олимпиадаи байналмилалии «Кенгуру» хонандагони синфи 6-и ҳамин муассисаи таълимӣ Пирова Меҳрафруз, Абдуллоева Мафтуна ва Абдуллоева Оиша сазовори ҷойи сеюм гардида, соҳиби медали биринҷӣ шудаанд.

Забономӯзӣ дар соҳаи маорифи шаҳри Норак хуб амалӣ гардидааст. Ҳамчунин барои озодона бо забони хориҷӣ суҳбат кардани хонандагони болаёқат дарсҳои иловагӣ ташкил шудаанд, ки хонандагон дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо аз он истифода мебаранд.

Ин аст, ки хонандагони болаёқати шаҳри Норак тавассути забондонӣ дар олимпиадаҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.