ДУШАНБЕ, 01.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 16:00 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ғолибони фестивал бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок менамоянд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.
Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» аз рӯи номинатсияҳои «гулпарвари беҳтарин», «гулгашт ва хиёбон», «боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «деҳаи беҳтарин», «маҳаллаи беҳтарин», «деҳоти беҳтарин», «шаҳраки беҳтарин», «ноҳияи беҳтарин» ва «вилояти беҳтарин» баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории ин фестивал, пеш аз ҳама, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, бедор нам удани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.
Хотиррасон мешавем, ки фестивал мувофиқи Амри Президенти мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.