Перейти к содержимому
 

«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид.

ДУШАНБЕ, 18.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Барои омодагии ҳамаҷониба бобати ташкил ва баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар шаҳри Душанбе машварати омӯзишӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар машварат 70 фоизи довталабон  аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тариқи фосилавӣ (онлайн) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли чорум аст, ки таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт гузаронида мешавад.

Таъкид шуд, ки солҳои охир дар мамлакат ба омӯзиши илму дониш ва китобхониву китобдӯстӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гашта, хонандагону донишҷӯён ва муҳаққиқону унвонҷӯён барои иштирок ва ғолибият дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифт» талош менамоянд.

Дар идома аз масъулон даъват шуд, ки баҳри шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани он талош намоянд.

Аъзои ситоди корӣ дар мавриди қадрдонии ғолибони даври минтақавии озмун ва баланд намудани маблағи ғолибон сухан гуфтанд. Масъулин вазифадор шуданд, ки дар ин самт тадбирҳои судманд андешанд.