Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ — МУАРРИФИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамасола дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе таҷлил мегардад.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кӯчаю хиёбонҳои пойтахт навсозӣ гардида, бо нақшу нигори миллӣ оро дода мешаванд.

Имрӯзҳо кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳои пойтахт ба макони писандидаи сокинон ва меҳмони шаҳр табдил ёфтаанд. Хиёбони Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои пойтахт аз ҷумлаи онҳост, ки чанд сол пеш навсозӣ шудааст.