Перейти к содержимому
 

Дар Душанбе Фестивали «Сайри гули лола» баргузор шуд.

ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе  таҳти унвони «Сайри гули лола» Фестивали гулҳо баргузор шуд.

Тибқи иттилои сухангӯи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Саидаҳмад Акрампур, Фестивали «Сайри гули лола» дар ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур то 18 март баргузор шуда, комиссияи шаҳрӣ натиҷаҳои фестивалро то 25 март ҷамъбаст ва ба Комиссияи ҷумҳуриявии фестивал пешниҳод намуд.

Тибқи иттилои шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, то имрӯз дар шаҳраку маҳаллаҳо, гулгашту хиёбон, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, назди ташкилоту муассиса ва идораҳо ба миқдори 6 миллиону 601 ҳазору 728 дона гули лола шинонида шуд, ки 151,7 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар мавсими тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 дар шаҳри Душанбе то имрӯз дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт 9 миллиону 42 ҳазору 790 дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали «Сайри гули лола» дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 инҷониб гузаронида шуда, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе дар асоси тадбирҳои андешидаи мақомоти шаҳрдорӣ вобаста ба тақвияти корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва гулшинонӣ барандаи Шоҳҷоизаи фестивал гардид.

Дар ин зимн ба ифтихори Рӯзи пойтахт Фестивали «Сайри гули лола» бо фароҳам овардани барномаи махсуси фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии «Майдони истиқлол» доир гашта, ғолибон қадрдонӣ  мегарданд.