Перейти к содержимому
 

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Суратгузориш аз ҷараёни ҳамоиши тарғиби либоси миллӣ дар ноҳияи Файзобод.

ДУШАНБЕ, 22.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, такмили эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастии занону духтарон, тарғиби либосҳои миллии мардумӣ ва пешгирии тамоюли бегонапарастӣ бо иштироки гулдухтарону занони ноҳияи Файзобод баҳри муаррифии либоси атлас, адрас, чакан ва дигар либосҳои миллӣ намоиш доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод хабар медиҳад.

Занону гулдухтарон бо либосҳои миллӣ дар маркази ноҳия ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳраку деҳот ба сайру гашт баромада, ба шаҳрвандон ва меҳмонони ноҳияи Файзобод либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки чунин иқдом ҳамасола дар фасли баҳор, рӯзҳои Наврӯз ва дигар иду ҷашнҳои миллӣ аз ҷониби бахши занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он муаррифии либоси миллӣ мебошад.