Перейти к содержимому
 

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд.

ДУШАНБЕ, 23.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар ин рӯз бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки бо фарорасии фасли баҳор мардуми тоҷик омодагиашонро ба таҷлили ҷашни ниёгон оғоз менамоянд. Дар бештари шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимию фарҳангии мамлакат дар ин рӯзҳо барномаҳои идона пешниҳод мегарданд.

Имрӯзҳо ба муносибати таҷлили бошукуҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз тамоми гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе зебу зиннат дода шудаанд. Дар онҳо гулҳои рангорангу дарахтони сояафкани гулпӯш ва дигар ороишоти рамзи баҳору Наврӯз насб гардида, ҳамарӯза сокинону меҳмонони пойтахт дар ин боғҳо ба сайру гашт мебароянд.

Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро давоми садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳувияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавияш медонад. Бо фаро расидани ин ҷашни зебои табиат дар ҳар хонадони мамлакат  шодиву фараҳ танинандоз мегардад ва марди деҳқон бо умеди ҳосили фаровон ба замин донаи умед мепошад.