ДУШАНБЕ, 22.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тантанаҳои идонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон.
Фестивал баҳри муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ равона шуда, даврҳои дуюм ва сеюми он дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ баргузор мегарданд.
Гуфта шуд, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт – Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинатсияи «Чакан ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид шудааст.
Мақсади асосии баргузории фестивал баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллии мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ ба ҳисоб меравад.
Фестивал аз рӯйи 6 бахши намоиши либосҳои қадимаи чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши гуногуни навъҳои сӯзанидӯзӣ доир гардида, ба навъҳои либоси иштирокчиён тибқи низомнома аъзои ҳакамон баҳо гузоштанд.
Ғолибон дар доираи тантанаҳои идонаи ҷашни байналмиллалии Наврӯз дар шаҳри Бӯстон бо туҳфаву дипломҳои дараҷавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида шуда, ба даври вилоятӣ роҳхат ба даст меоранд.