Перейти к содержимому
 

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Суғд фестивали вилоятӣ гузаронида мешавад.

ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи сеюми моҳи марти соли равон дар Суғд Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» тибқи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон ва муаррифии фарҳангу ҳунари волои миллат доир мегардад.

Беҳтарин иштирокчиёни фестивал бо диплому мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид гардид.