Перейти к содержимому
 

Варзишгари тоҷик Лоиқ Қудбиддинов дар Ҷоми Аврупо соҳиби медали тилло гардид.

ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони навраси тоҷик Лоиқ Қудбиддинов дар вазни то 60 кг дар мусобиқаи кушоди Ҷоми Аврупо оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон, ки дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Варзишгари навраси мо дар даври аввал намояндаи Озарбойҷон Ниҳаб Раҳимов ва дар даври дуюм ҷудочии гурҷӣ Сандро Шарипашвилиро мағлуб намуд. Дар даври ¼-ниҳоӣ Лоиқ Қудбиддинов намояндаи Белгия Ларс Кинт ва дар даври нимниҳоӣ ҷудочии гурҷӣ Лука Даташвилиро мағлуб намуда, ба финал баромад.

Дар рақобати ниҳоӣ Лоиқ бар намояндаи Қирғизистон Адис Орозмаматов ғолиб омада, мақоми аввалро сазовор гардид. Ба ифтихори варзишгари тоҷик Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шуда, Суруди миллии Тоҷикистон садо дод.