Перейти к содержимому
 

БОКС. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи якуми ҷаҳонии интихобии олимпӣ иштирок дорад.

ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мусобиқаи якуми ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс, ки дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия оғоз ёфт ва то 11 март идома меёбад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс иштирок менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар сабқатҳо 632 варзишгар (399 мард ва 233 зан) аз 112 давлат иштирок доранд. Дар мусобиқа ба Олимпиадаи Париж 49 роҳхат аз рӯи 13 вазн (7 вазн байни мардон – 28 роҳхат, 6 вазн байни занон – 21 роҳхат) дода мешавад. Аз ҷумла, дар ҳамаи вазнҳо варзишгароне, ки то нимфинал мерасанд – 4 роҳхат дар ҳар вазн, ба истиснои вазни 57 кг (2 роҳхат) ва 60 кг (3 роҳхат) байни занон соҳиби роҳхат ба Париж мешаванд.

Федератсияи бокси Тоҷикистон дастаи мунтахабро пурра ба Италия ҷалб намуд. Қабл аз мусобиқа дастаи мунтахаби мамлакат дар Черногория ба ҷамъомади машқӣ фаро гирифта шуд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд аъзои ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон- Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни 50 кг, Меҳрон Шафиев дар вазни то 51 кг, Асрор Воҳидов дар вазни 57 кг, Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5кг, Шаҳобҷон Шукуров дар вазни 71 кг, Шаббос Негматуллоев дар вазни 80кг ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92 кг муаррифӣ менамоянд.

Баргузории даври дуюм ва охирини мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ моҳи май дар шаҳри Бангкоки Тайиланд дар назар аст.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон ду роҳхати олимпӣ дорад, ки онҳоро муштзанҳо Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг ва Давлат Болтаев дар вазни 92 кг дар Бозиҳои осиёӣ Ҳангжоу сазовор гаштаанд.