Перейти к содержимому
 

РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Ҷавонону варзишгарони Истаравшан ин пешниҳодро ҷонибдорӣ менамоянд.

СУҒД, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонону варзишгарони шаҳри Истаравшан ҳамовозиашонро аз пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ ҷиҳати эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол бо баргузории роҳпаймоии осоишта иброз намуданд.

Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар  дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд, ҳазорҳо ҷавонону варзишгарон, аз ҷумла ҳайати дастаи футболи «Истаравшан», аъзо ва ҷонибдорони «ФАНКЛУБ»-и дастаи футболи шаҳр, собиқадорони соҳаи варзиш бо бардоштани шиору овезаҳо тавассути хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр роҳ паймуда, дар майдони «Нишони давлатӣ» ҷамъ омаданд.

Раиси шаҳри Истаравшан дар назди иштирокчиёни ҳамоиш сухан гуфта, ҳамовозии ҷавонону варзишгарони шаҳри Истаравшанро ба пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол қобили дастгирӣ арзёбӣ намуд.

Воқеан, варзиш дар ҳамаи давру замон муаррифи давлат буда, дар замони муосир яке аз воситаҳои асосии шинохти миллат маҳсуб мешавад.

Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ як силсила санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, баргузор намудани мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ ва омодакунии варзишгарони касбӣ мусоидат намуданд.

Таъкид гардид, ки пешниҳоди Рӯзи ҷаҳонии футбол саривақтӣ ва дорои хусусияти умумиҷаҳонӣ буда, ба рушди минбаъдаи футбол дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон мусоидат менамояд. Дар ин замина оид ба рушди футбол дар шаҳри Истаравшан ва ташкили шароити мусоид барои дастаи футболи «Истаравшан» маълумот дода шуд.

Дар ҳамоиш суруду оҳангҳои ватандӯстона пешниҳод шуданд.