Перейти к содержимому
 

САФ КАШЕМ АЗ ҲАМА ҶО БАҲРИ ДИФОЯТ, МЕҲАН. Эҳдо ба Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон.

ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар марҳилаи  худшиносии миллӣ ва ҳимояи ҳувияти давлатӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва халқи некманиши он мафҳумҳои Ватан ва ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихори миллӣ арзишу қимати бештар пайдо намудаанд. Зеро дар ҷаҳони пурихтилофу ноамни  имрӯза барои амнияти мамлакати азизамон ва ҳимояи марзу буми муқаддаси он муҳаббат ба Ватан ва арзишҳои миллии он, ифтихори миллӣ ва нангу номуси ватанпарастӣ беш аз ҳар вақти дигар кафолати ягонагиву ватандӯстии мо мебошанд.

Яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатдории Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бештар қавию устувор гардонидани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Мо пайваста шоҳиди ғамхориву таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллатамон ба Артиши миллӣ ва омодагии ҳарчи бештари он ба ҳимояи Истиқлолияти ба ҷон баробарамон ҳастем. Маҳз ин ғамхорӣ ва ин кӯшишҳо аст, ки имрӯз Тоҷикистон шабоҳат ба қалъаи амнияте дорад, ки фарзандони далеру шуҷои Ватан нигаҳбони он мебошанд.

Чунин изҳори назар намудааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло, ки андешаҳои пурраи муаллиф дар зер манзур мешаванд.

— Шиори миллати тоҷик ҳамеша сулҳу осоиш дар дунё ва хайрхоҳиву некбинӣ ба ҳама қавму миллатҳо будааст, ки сиёсати дарҳои бози мамлакати мо имрӯз нишони  он аст. Таърих хуб медонад, ки тоҷик ҳаргиз шамшер бардоштаву ба сари кишвару халқе ҳуҷум наовардааст.  Аммо хиради зотӣ ва сиришти инсонпарваронаву башардӯстонааш  сабаб гардидааст, ки бо ҳама ҷабру зулми таърих ва аҷнабиён ин миллати некманиш ҳамеша қадру қимат, хираду одобу суннатҳои некашро тавонистааст ҳифз намояд, маҳфуз дорад ва онҳоро аз байни обу оташи таърихи хунин то ба имрӯзи дурахшони соҳибистиқлолӣ бирасонад.

Бале, тоҷикон ҳаргиз миллати ҷангҷӯ набудаанду нестанд, аммо дар ҳолатҳои фавқулода барои ҳимояи марзу буми муқаддаси ин сарзамин ҳамеша аз байни мардуми бонанги он қаҳрамонони шуҷоъе ба мисли Шерак,  ки бо ақлу заковат ва ҷасорати бемисл тани танҳо як лашкари ғассоби душманро тавонист нобуд созад, бурун омадаанд. Ин ҷо метавон номҳои зиёдеро аз қаҳрамонҳои  қадимаву асотирии ин сарзамин, ба мисли Рустаму Сиёвушу Томарис, қарамонҳои таърихии он, ба монанди Испитамону Деваштич то ба қаҳрамонҳои асрҳои баъдина, чун Муқаннаъу Абӯмуслиму Темурмалику Восеъ мисол овард, ки ҳама барои нангу номус ва шарафи ин халқу ин сарзамин ҷоннисориҳо намудаанд. Яъне, ин халқи хайрхоҳу некбин дар вақти зарурат омода аст барои ҳимояи марзҳои муқаддасаш ба по хезад.

Ин падида ҷолиб аст, ки дар сарзамини тоҷикон ҳам мардон ва ҳам  занон баномусу  ватандӯст ҳастанд. Як далел ин аст, ки дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон мавзеъҳое бо номи Чилдухтарон вуҷуд доранд, ки аз таърих ба мо ёдгор мондаанд. Чилдухтарон онҳое буданд, ки ҳангоми ҳуҷуми душман ба  шаҳру деҳоташон, дар вақти набудани мардҳо, либоси ҳарбӣ ба бар намуда, худро ба намуди ҷавонмардҳо ороста, ба ҳимояи Ватан бархостанд. Ин қисса аст, аммо дар ҳар қисса ҳақиқате ниҳон аст. Намунаи ҷоннисории мардонаи занонро дар ҳимояи марзу буми Ватан мо аз адабиёти таърихиву шифоӣ низ медонем.

Имрӯз мо мебинем, ки дар ҷашни Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар сафи мураттаби Артиши миллӣ занони тоҷик низ сарбаландона қадам мезананд ва ба Ватан садоқатмандона хизмат менамоянд.

Артиши Тоҷикистон ва Қувваҳои мусаллаҳи он 18 декабри соли1992 дар таҳи хаймаҳо, дар пойгоҳи фурудгоҳи “Айнӣ”, дар Ҷамоати деҳаи Навободи ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки  Раиси Шурои Олии мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта буду нахустин  паради ҷузъу томҳои  Гарнизони Душанбе 23 феврали соли 1993 дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт  баргузор гардид. Имрӯз ин артиш бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосса Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба неруи тавонои муҳофизатии мамлакат табдил ёфтаву амнияту дахлнопазирии марзу буми онро таъмин менамояд. Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар машқҳои ҳарбии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  сарбаландона ва бо камоли маҳорат иштирок намуда, ҳамеша сазовори баҳои баланд мегардад.

Ҳарчанд Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти навини он  дар замони   нооромиҳои дохилӣ ба миён омада буд, дар барқарор намудани  сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди қувваҳои мусаллаҳи ҷинояткор, кӯшишҳои  табаддулоти ҳарбии  хоинони миллат бо руҳияи баланди  ватандӯстӣ, садоқат ба принсипҳои  соҳибдавлатию соҳибистиқлолӣ  ва хизмати фидокорона  худро нишон додаву аз  имтиҳони душвори таърих сарбаландона гузаштааст.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар  тамринҳои  минтақавӣ ва байналмиллалӣ иштирок намуда, дар мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ ва зуҳуроти  номатлуби  ҷаҳони муосир саҳми муносиб мегузорад.

Наметавон хизматҳои шоиставу иқдоми пайвастаи Пешвои миллати моро дар мавриди худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, боло бурдани эҳсоси ватандӯстӣ ва  садоқат ба Ватан нодида гирифт. Агар сарчашмаи нахустини ватанпарастию ватандӯстии мардуми мо сиришти ватанпарваронаи  зотии худи мардумамон бошад, сарчашмаи дигари он эҳсосоту муҳаббати бепоён ва сиришти ватандӯстонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Агар иқдоми аввали тақдими китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Сарвари давлат ба бедории руҳӣ ва шинохти ҳувияти миллӣ  саҳми бузург гузошта бошад, иқдоми навбатии Роҳбари хирадпешаву ватандӯсти мо- тақдими шоҳасари таърихӣ- «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ аст, ки саросар дарси ибрати ҷоннисориву ҷавонмардӣ бо руҳияи ватанпарастӣ буда,  ба  миллати мо дар ҷодаи ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан ангезаҳои бузурги таърихӣ медиҳад.

Ҳосили ин сиёсати ватандӯстона ва иқдоми наҷиби Президенти Тоҷикистон аст, ки имрӯз мамлакати мо  дорои Артиши қавии миллӣ ва сарбозону афсарони  содиқу ҷонннисоре мебошад,  ки метавон  аз онҳо дилпур буд ва ба онон эътимоду бовар дошт.

Имрӯз ҳимояи Истилолияти миллӣ, ҳувияти халқи некманишамон, марзу буми мамлакат- нангу ор ва шарафу  номуси миллии мо маҳсуб мешавад. Ин моро водор менамояд, ки ҳар яке дар канори Артиши миллӣ сипари боэътимоди Меҳан дар ҳифзи марзу буми муқаддаси Ватан ва сарҳади шарафи  гузаштагону имрӯзиёну фардоиён бошем!

Дар зер ду шеър аз ашъори нав бахшида ба Артиши миллӣ пешкаш мегардад.

СУРУДИ МАРЗБОНИ  ВАТАН

Эй Ватан, сарҳади ту – сарҳади имони ман аст!

Сарҳади ҷони ману сархати виҷдони ман аст!

Ватани хоки муқаддас, ватани кӯҳи баланд,

Ватани илму адаб, ҳикмату эҳсони ман аст!

Ба дифои туву амни ту бубахшам тану ҷон,

Амни ту меҳани ман- амни азизони ман аст!

Ватани модари ман, хоҳари ман, додари ман,

Ватани шаъну шараф фахри ниёкони ман аст!

Саф кашем аз ҳама ҷо баҳри дифоят, Меҳан,

Меҳри ту дар дили ман, боғу гулистони ман аст!

Сангу хоки ту бувад симу зари ҳастии ман,

Чашмаи оби зулолат фари покони ман аст.

Фахр дорам, ки ҳама маҳзари нангу шарафат,

Суғду Хатлону Зарафшону Бадахшони ман аст.

 Маънии зиндагиям ҳифзи ту бошад, Меҳан,

Ҳифзи марзат шарафи олии ман, шони ман аст!

КИСТ САРБОЗИ ВАТАН!?

Кист сарбози Ватан, гар на туӣ, гар на манам?

Кистам ман, чу набошам ба дифои Ватанам?

Чораи нанги Ватан кист ба ғайр аз ману ту?

Бораи нанги Ватан нест ба ғайр аз ману ту!

Дар раҳи ҳифзи Ватан бохтани ҷон шараф аст,

Нангу номуси ватандори Ватан рӯи каф аст.

Хоки поки падарон маҳзари ояндаи мост,

Гарави будани мо, ҳастии пояндаи мост.

Эй ватандор, биё нанги тани худ бошем!

Бораи шаъну шукуҳи Ватани худ бошем!

Ин ҷасорат ба тани мо сипари бовари мост,

Он ки ҷон бахшӣ, биарзад, Ватану модари мост!

Ватан, эй хоки муқаддас, шарафу исмати мо,

Ҷони мову тани ту, бо ту бувад қисмати мо!