Перейти к содержимому
 

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Моҳи март даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

ДУШАНБЕ, 15.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2024 моҳи март ва даври дуюми он  моҳи май баргузор мегардад, иттилоъ дода шуд дар ҷаласаи якуми ҳайати Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2024, ки таҳти раёсати Раиси комиссияи озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъкид шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида, аз ҷониби аҳолӣ ҳамовозӣ  пайдо намудааст.

Раиси комиссия доир ба вазифаҳои Комиссияи ҷумҳуриявӣ ва салоҳияти он тибқи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сухан гуфта, вазифаҳои комиссияро дар самти баргузор намудани озмун баён дошт.

Гуфта шуд, ки дар даври якуми озмун соли 2023   239 ҳазору 657  довталаб иштирок намуд, ки нисбат ба соли 2022   110 ҳазору 806 нафар зиёд мебошад. Дар даври чоруми озмун 522 довталаб аз рӯйи 6 номинатсия иштирок намуда, 121 нафар ғолиби озмун гардид.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.

Имсол ҷиҳати ҳавасмандсозии иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид.

Зиёд гардидани шумораи Шоҳҷоиза бо назардошти хусусияти синну солии кӯдакону наврасон мебошад, зеро чунин тағйирот барои дарёфти «Шоҳҷоиза», ки хондан ва аз бар намудани 70 фоизи осори назмиву насрӣ аз рӯи чор номинатсия барои онҳо каме душвор буд, ворид шуд. Ҳамзамон шумораи ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба 126 нафар расид, ки дар маҷмуъ 130 нафар ғолибонро ташкил медиҳад.

Ба номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон» тағйирот ворид гардида, номи номинатсия ба «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» табдил дода шуд. Ин номинатсия яке аз бахшҳои фаъолтарини озмун ба ҳисоб меравад, зеро довталабони он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Бо инобати ин соли равон ин номинатсияро ба се гурӯҳ ҷудо намуданд: гурӯҳи якум- хонандагони синфҳои 1 то 4, гурӯҳи дуюм- хонандагони синфҳои 5 то 8 ва гурӯҳи сеюм- хонандагони синфҳои аз 9 то 11 ва 10,11-и муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошанд.

Дар ҷаласа масъалаҳои зиёде, аз қабили дастрас намудани китобҳои бадеии электронӣ барои иштирокчиён, аз рӯйи принсипи ягона баҳо гузоштан ба иштирокчиён мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Инчунин таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки баргузории даврҳои сеюм ва чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад.