Перейти к содержимому
 

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Ҳафтаи забон ва адабиёти рус барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 13.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси  шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Ҳафтаи забон ва адабиёти рус дар ҳошияи Рӯзи ҳадяи китоб барномаи фарҳангӣ баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар барнома хонандагони Гимназияи хусусии «Сайёраи наврасон» намоиши  театрӣ манзур намуданд. Хонандагон аз рӯйи маҷмуаи ҳикояҳои Валентина Осеева «Волшебная слова» саҳнача нишон дода, шеърҳо қироат карданд. Инчунин хонандагони наврас бо ҳунару баромади шавқовар баҳри болидасозии хотири  меҳмонон рақси «Морячка»-ро пешкаш намуданд.

Дар ҷамъбасти барнома аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ба хонандагони Гимназияи хусусии «Сайёраи наврасон» туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Бояд гуфт, ки мақсади баргузории ин барномаҳо он аст, ки насли наврас имрӯз ба омӯхтани забонҳо ва шинохтани шоиру нависандагони дигар мамлакатҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.