Перейти к содержимому
 

Шуъбаи эҳёгарӣ, беҳисгардонӣ ва табобати кӯдаконаи «Шифобахш» пас аз таъмири асосӣ ба истифода дода шуд.

ДУШАНБЕ, 07.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи эҳёгарӣ, беҳисгардонӣ ва табобати кӯдаконаи Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» пас аз таъмири асосӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Корҳои таъмирӣ ҷиҳати ба талаботи замон ҷавобгӯ намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ,  моҳи декабри соли 2023 оғоз ёфта, баъди бо сифати баланд ба анҷом расидан шуъба мавриди истифода қарор гирифт.

Дар баробари ин шуъба бо якчанд таҷҳизот ва лавозимоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, кардоманиторҳо, дефибилиятор ва ғайра таъмин  шудааст, ки дар табобати беморон нақши муҳим мебозанд.

Шуъбаи эҳёгарӣ, беҳисгардонӣ ва табобати кӯдаконаи марказ аз 10 кат иборат буда, дар он 15 мутахассиси соҳа ба табобати беморон машғул мебошанд.

Дар шуъба бемороне, ки ба таври таъҷилӣ ва ба таври нақшавӣ бистарӣ мегарданд, ба табобат фаро гирифта мешаванд.