ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар мусобиқаи анъанавии байналмилалии «Ҷоми рушд-2024» иштирок менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар «Ҷоми рушд-2024», ки аз 18 то 24 феврал дар Минск баргузор мешавад, ҳашт даста иштирок менамоянд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи «Б» бо дастаҳои Русия (U-17), Беларус (U-16) ва Қазоқистон (U-16) қувва месанҷад. Дар чаҳоргонаи «А» дастаҳои Беларус (U-17), Русия (U-16), Узбекистон (U-17) ва Озарбойҷон (U-16) бозӣ менамоянд.
Тибқи низомномаи мусобиқа, дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як давр рақобат менамоянд. Ғолибони гурӯҳ дар финал бо ҳам вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳояшон ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои зинаҳои 5-6 ва 7-8 рақобатҳои тасаллобахш баргузор мешаванд.
Барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) иштирок дар мусобиқаи Минск яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба даври интихобии Ҷоми Осиё-2025 мебошад, ки имсол аз 19 то 27 октябр доир мешавад.