ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 28 январ дар бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуда, ба даври 1/4- ниҳоӣ баромад.
Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа баргузор гардида, дар замони асосӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар 30 дақиқаи замони изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар аввалин иштирокаш дар Ҷоми Осиё ба натиҷаҳои беҳтарин дар таърихи футболи Тоҷикистон ноил мегардад.
Суратгузориши АМИТ «Ховар» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон аз бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар шаҳри Давҳаи Қатар пешниҳод мегардад.