ДУШАНБЕ, 25.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар гўшаву канори Тоҷикистон иди Садаро бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон буда, ҳамчун ҷашни омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз истиқбол мегардад. Ин ҷашн дар баробари ҷанбаҳои табиӣ, кишоварзӣ ва фалсафӣ инчунин аҳаммияти бузурги тарбиявӣ, ахлоқӣ ва таърихӣ-ҳуқуқӣ дорад. Мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Саъдизода ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
— Ин ҷашн баёнгари арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои меҳнатии мардумони ориёӣ, ки касби асосии онҳоро кишоварзӣ ва зироаткорӣ ташкил медод, ба ҳисоб меравад.
Яке аз вижагиҳои ҷашни Сада дар он аст, ки он ҳамеша дар шакли дастҷамъӣ доир мешудааст. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, ҳангоми таҷлили ҷашни Сада ҳамаи мардумони деҳа ва шаҳр оташи бузурге афрӯхта, атрофи он гирд меомаданд ва хурсандӣ менамуданд. Аҳамияти чунин амал ва рафтор дар он буд, ки мардумони деҳаву шаҳр ҳангоми ҷамъоварии ҳезум барои афрўхтани оташ дар якҷоягӣ ва муттаҳидӣ саҳм мегузоштанд ва ба якдигар дар ҷамъоварии ҳезум кумак менамуданд. Ин муттаҳидӣ ва меҳнати якҷоя ватандӯстии ниёгони моро нишон дода, барои насли муосир аҳаммияти баланди ахлоқӣ ва тарбиявӣ дорад. Яъне ҷашни Сада ҷашни муттаҳидӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамраъйии мардумони ориёӣ маҳсуб мешавад.
Сада ба яке аз соҳаҳои асосии ҳуқуқ дар замони муосир, яъне ҳуқуқи зистмуҳитӣ (экологӣ) пайвандӣ дорад. Тибқи таомулҳои ҷашни Сада, инсон вазифадор аст, ки ба табиат ва тамоми унсурҳои табиӣ арҷ гузорад ва онҳоро ҳифз намояд. Ба ибораи дигар, ҷашни Сада баёнгари он аст, ки ҳанӯз дар аҳди бостон дар ҷомеаи ниёгони мо соҳа ва зерсоҳаҳои ҳуқуқ, чун ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи истифодаи замин, ҳуқуқ ба об, ҳуқуқи истифодаи табиат ва монанди инҳо рушд намуда будааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар меҳвари таомулҳои ҷашни Сада таваҷҷуҳи асосӣ ба заминҳои таъйиноти кишоварзӣ равона шуда буд. Ниёгони миллати тоҷик ҳанӯз дар аҳди бостон дарк намуда буданд, ки кишоварзӣ ё зироаткорӣ бе унсурҳои табиие, чун замин, об ва Офтоб ғайриимкон аст. Тибқи таомули ҷашни Сада, фаъолияти кишоварзӣ бе покиву меҳнати самимӣ ғайриимкон аст.
Муҳимтарин рамзҳои ҷашни Сада Офтоб, оташ ва об мебошанд, ки ин унсурҳои табиӣ дар ҷомеаи аҳди бостони ниёгони мо ҳамчун рамзҳои ҳуқуқӣ ба ҳисоб мерафтанд. Тавре Пешвои миллат иброз намудаанд, «рамзу маъниҳои Сада хеле зиёд мебошанд, аммо моҳияти асосии ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад. Зеро нур ва гармӣ сабаби идома пайдо намудани рӯзгор, ҳастии мавҷудот ва ҳифзи зиндагӣ аст. Воқеан оташ дар тасаввуроти асотирии мардумони ориёӣ порае аз фурӯғу гармии Хуршед дар рӯйи замин ба ҳисоб меравад».
Таърихи ҳуқуқи миллати тоҷик хеле ғанӣ ва ибратомӯз аст. Агар ба таърихи рамзҳои ҳуқуқӣ, адолати судӣ ва сарчашмаҳои таърихӣ-ҳуқуқии миллати тоҷик назар афканем, дар он бо рамзҳо, хотираҳо ва пайкараҳои ҳуқуқие дучор мешавем, ки онҳо бо нишона ва аломатҳояшон бо рамзҳои ҷашни Сада пайвандӣ доранд.
Аз ҷумла, Офтоб нишонаи рӯз ва равшанӣ аст. Офтоб робита ва пайванди рӯзгори мардумро бо табиат ва унсурҳои табиӣ ифода месозад. Шуълаафкании нурҳои Офтоб дар ҷашни Сада баёнгари он аст, ки фарри эзадӣ бар мардуми ориёӣ ҳамеша дар ҳолати барозандагӣ қарор дорад. Офтоб нишонаи нур ва некӣ аст ва ҳамчун рамзи ҳуқуқӣ мубориза ва ғалаба бар зулмоту бадиро нишон медиҳад. Худи вожаи Сада аз забони авестоӣ «баромадан ва тулуъ намудан»-ро ифода месозад. Яъне ҷашни Сада бо Хуршед (Офтоб), ки дар таърихи ҳуқуқи миллати тоҷик ҳамчун яке аз рамзҳо ва шартҳои ба амал баровардани адолати судӣ маҳсуб мешуд, пайванди ногусастанӣ дорад.
Оид ба ин масъала Пешвои миллат чунин навиштаанд: «Дар байни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохтанд, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Ҳамин аст, ки Хуршед дар байни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст».
Тавре таърихнигорон иброз медоранд, рамзи дигар оташ ба ҳисоб меравад, ки ба ақидаи ориёиҳо, дорандаи неруи бузург ва донандаи асрори бегуноҳӣ ё гунаҳгории шахсро муайян намуда, ҷазо медод. Ин ҳолат дар достони Сиёвуши «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бармало омадааст:
Чу з-он кўҳи оташ ба ҳомун гузашт,
Хурўшидан омад зи шаҳру зи дашт…
Ҳаме дод мужда якеро дигар,
Ки бахшуд бар бегунаҳ додгар.
Бояд иброз намуд, ки дар аксари тамаддунҳои ҷаҳонӣ оташ чун сазовортарин воситаи ҷазо барои гунаҳгорон аст. Оташ масъулиятро барои боз истодан аз гуноҳ бештар менамояд.
Дигар унсури муҳим, ки хоси ҷашни Сада аст, об ба ҳисоб меравад. Дар таърихи ҳуқуқи миллати тоҷик об дар баробари яке аз чор унсури табиат будан ҳамзамон рамзи ҳуқуқ ва муайянкунандаи адолат маҳсуб мешавад.
Ҷашни Сада ҷашни муборизаи нур ва рушноӣ бар ҷаҳолату тирагӣ аст. Ба қавли шоир Камол Насрулло:
Бингар Садаи моро к-аз сад сада меояд,
Бунёди ҷаҳолатро оташ зада меояд.
Аз ин рӯ, таҷлили сазовор ва шоистаи ҷашни Сада барои аз байн бурдани хурофоту бегонапарастӣ, ҷаҳолату нодонӣ замина гузошта, барои тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши назаррас мегузорад.