Перейти к содержимому
 

Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Рӯдакии шаҳри Панҷакент дар тарбияи ватандӯстии насли наврас саҳми назаррас мегузорад.

ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент» ҷиҳати таъсиси осорхонаҳои мактабӣ дар ҳар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Панҷакент барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия тадбирҳои зарурӣ меандешад. Имрӯз дар шаҳру деҳоти Панҷакент 10 осорхонаи мактабӣ фаъолият доранд, ки зери назорати Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошанд.

Баъд аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Президенти мамлакат соҳаи сайёҳӣ ва илми бостоншиносиву осорхонашиносӣ сол то сол рушд меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 иброз намуданд, ки илми тоҷик бояд инкишоф ёбад, аз ин рӯ бояд олимони ҷавонро  тарбия намуд.

Осорхонаи мактабӣ на танҳо шакли ташкили фаъолияти таълимӣ-фаҳмондадиҳӣ ба шумор меравад, балки он воситаи рушди тарбияи маънавӣ, худшиносии миллӣ ва ватандӯстии хонандагон аст. Иштироки хонандагон дар корҳои ҷустуҷӯйӣ, омӯзиш ва ҷамъоварии ёдгориҳову нигораҳои осорхонавӣ, ташкили намоишҳо, гузаронидани конференсияҳо ва сайрҳои таърихӣ малакаҳои фаъолияти таҳқиқотӣ ва кишваршиносии онҳоро ташаккул медиҳад.

Аз ин рӯ, муаллим ва масъули осорхонаи мактабиро мебояд тавассути хонандагон ва ҳайати осорхона тадбирҳои зерин: гузаронидани мулоқот бо куҳансолон ва пирони хирад, маълумотгирӣ ва пурсиши аҳолӣ оид ба мавзеъ, ёдгориву нигораҳои таърихӣ, либос, ҳар гуна зару зевар барои ороиш, олот, дастгоҳҳои қадимӣ ва ашёи рӯзгор, коркард ва нигоҳ доштани маводу маълумоти бадастомада оид ба таърихи зодгоҳ, маҳал, ноҳия, шаҳр, вилоят ва Ватани азизамон Тоҷикистон, инчунин тарғиби муҳтаво ва моҳияти ин маълумот байни хонандагонро амалӣ намояд.

Имрӯз аксари насли наврас, мутаассифона, ба таърихи мамлакати худ таваҷҷуҳ зоҳир намесозад. Қисме аз хонандагон таърихи зодгоҳи худро намедонанд ва дарк наменамоянд, ки донистани он ҳатмӣ аст. Дар шиносоӣ ва аз худ намудани осори ниёгон ва таърихи гузаштаи миллат осорхонаи мактабӣ нақши бориз дорад. Аз ин рӯ, осорхонаи мактабиро зарур аст, ки фаъолияти худро мақсаднок ва самарабахш амалӣ намояд.

Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дастури методии «Осорхонаҳои мактабӣ, самтҳои фаъолият» ба чоп расонидааст, ки онро масъулони осорхонаҳои мактабии ҷумҳурӣ метавонанд дастрас намоянд.