Перейти к содержимому
 

Барои дарёфти стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон гардид.

ДУШАНБЕ, 19.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёну унвонҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву таҳқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.

Довталабони стипендияҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёну унвонҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо нишондиҳандаҳои зерин мутобиқат менамоянд, буда метавонанд:

— ба ҳаракату маҳфилҳои ҷамъиятии наврасону ҷавонон (созмонҳои хонандагӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, «Пайравони Пешвои миллат», «Созандагони Ватан» ва ғайра) аъзо мебошанд;

—  бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил менамоянд;

— дастовардҳои илмиву эҷодиашон дар ВАО нашр шуда бошанд.

— фаъолияти эҷодкорӣ ва дастовардҳои назаррас, аз қабили мақола(ҳо)и илмӣ – оммавӣ, ихтирооти амалӣ, малакаи ровигӣ, идорӣ, забондонӣ ва ғайра дошта бошанд;

— дар корҳои ҷамъиятӣ  фаъолона иштирок  намоянд;

— барои иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон омода бошанд;

— рафтори намунавӣ дар байни ҳамсинфон, ҳамкурсон ва кормандон дар як соли охир бо назардошти тавсияи хаттӣ (аз ҷониби роҳбари муассисаи таълимӣ);

Довталабоне, ки хоҳиши иштирок дар озмуни стипендияҳоро доранд, ҳуҷҷатҳои худро  то 5  марти  соли 2024, соати 17:00 ба сохторҳои маҳаллии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе (бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино) бояд пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳо ва рӯйхати довталабон бо тасдиқ ва мактуби расмии муассисаи пешиҳодкунанда тавассути сохторҳои маҳаллии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қабул мешаванд.