Перейти к содержимому
 

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Имсол барои баргузории ин озмун дар Хатлон 470 ҳазору 235 сомонӣ ҷудо гардид.

ДУШАНБЕ, 16.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон барои ҳавасмандгардонии 115 нафар ғолибон ва 50 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»  ғолиб омаданд, инчунин хароҷоти изофии озмун 470 ҳазору 235 сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар ин озмун барои барандагони ҷойи якум 5000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 2000 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор шуда, аз соли 2019 то 2023 дар он 16 ҳазору 259 довталаб аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намудааст.

Мақсад аз баргузории озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз рӯйи 5 номинатсия — композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида шуда, дар соли 2024 ба номинатсияи Озмун тағйирот ворид шуда, номи номинатсияи «компазиторӣ» ба «оҳангсозӣ-бастакорӣ» тағйир дода шуд.

Инчунин имсол дар озмун шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ё фаъолият доранд, метавонанд иштирок намоянд.

Бо дастури Президенти Тоҷикистон ба соҳибони Шоҳҷоиза ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, онҳо ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, тавассути барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ муаррифӣ мегарданд. Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун метавонанд ба ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии мамлакат ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳон дар гурӯҳҳои ройгон дохил шаванд.

Ҳамчунин мувофиқи дастури Президенти Тоҷикистон, соли 2024 барои иштирокчиёни озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он довталабони даври ҷумҳуриявӣ (хонандагони синфҳои 9 ва 11) ба ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» давоми солҳои баргузоршуда дар саросари ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфта, ҳазорон нафар ҷавонону наврасони боистеъдодро ҷалб намуд. Он ба дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон, пайдо намудани асарҳои нави мусиқӣ, шеъру сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва рушди санъати миллӣ мусоидат намуд.