Перейти к содержимому
 

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Дӯстӣ 37 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида мешавад.

ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар  ҷамоат, шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ бо истифода аз мавсими мусоиди ниҳолшинонӣ маъракаи оммавии ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ баргузор шуд. Зимни он бо тавсияи мутахассисони соҳа дар шафати роҳҳо, назди ташкилоту муассисаҳо ва дигар макони ҷамъиятиву фарҳангӣ-фароғатӣ ниҳоли дарахтони  сояафкану ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ин тадбири экологӣ дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва иҷрои амалии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бобати ҳифзи муҳити зист андешида шудааст.

Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дӯстӣ зимни ин тадбири экологӣ изҳор дошт, ки “дар ин мавсим дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ шинонидани беш аз 37 ҳазор бех ниҳоли дарахтони  сояафкану ҳамешасабз ва зиёда аз 200 ҳазор бех гулу буттаҳои ороишӣ, бахусус садбарг ва лола ба нақша гирифта шуда, барои таъмини ин нишондиҳанда шароити муносиб муҳайё мебошад. Дар иртибот ба ин ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат сокинон ва кормандони гуногункасб дар ҳашарҳои оммавӣ фаъолона иштирок намуда, барои шинонидани ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасаб ва гулу буттаҳои ороишӣ дар беҳдошт ва  сабзу хуррам гардонидани муҳити саҳми  муносиб мегузоранд”.