ДУШАНБЕ, 10.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар нахустин рӯзи соли нави мелодии 2024 ба имзо расидани амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» идомаи мантиқии сиёсати маорифпарварона, хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даврони истиқлоли давлатӣ ифода менамояд. Аҳамият, моҳият ва натиҷаҳои ин се озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ бояд фаротар аз як озмуни фарҳангиву адабӣ дарк шаванд. Танҳо Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қодир аст, ки сабаби таҳаввулоти амиқ дар мафкураи ҷомеаи муосир гардад, одамонро ба сӯи маърифат ва фарҳанги китобхонӣ, китобдонӣ, китобшиносӣ ва бад-ин тартиб одаму оламшиносӣ ва ниҳоят худшиносӣ ҳидоят созад. Агар нахоҳем, ки миллат побанди хурофоту ҷаҳолат монад, агар нахоҳем, ки миллат бе саводу бе андеша монад, пас, мебояд ҳадди ақалл узви ҳар хонадон аз 50 то 100 китоб хонда бошад, на танҳо осору эҷодиёти адибони гузаштаи тоҷикро донад, ҳамчунин аз таъриху адабиёти ҷаҳон бохабар бошад.
АМИТ «Ховар» рӯйхати адабиёти тавсияшаванда барои довталабони Озмуни ҷумҳурияии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, чанд мадрак пайдо намуд, ки аз умумимиллӣ будани ин озмун шаҳодат медиҳанд.
Якум ин ки ба довталабон хондани насри ривоятии зерин тавсия дода шудааст: «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Чор дарвеш», «Ҳазору як шаб», «Тӯтинома», «Синдбоднома», «Калила ва Димна», «Самаки айёр», «Марзбоннома», «Абӯмуслимнома», «Доробнома». Зимнан, ҳар нафаре, ки қиссаҳои «Ҳазору як шаб», «Тӯтинома», «Чор дарвеш», «Самаки айёр», «Калила ва Димна» ва «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Синдбоднома»-ро хондааст, медонад, ки ин насри ривоятии миллати тоҷик беназиру нодир аст ва дар хондан осону равон аст. Дар ҳар варақи ин осори ривоятии гузаштагони мо адлу адолат, ҷавонмардӣ, саховатпешагӣ, ишқи поку муҳаббати беолоиш, содиқ будану ба амонат хиёнат нанамудан, ҷанговар будану аз меҳану сарзамини хеш ҳимоят намудан тараннум шудааст. Ҳар қаҳрамони асарҳои насрӣ-ривоятии тоҷик шоистаи эҳтирому намунаи ибрат мебошад.
Бояд эътироф намуд, ки то замони истиқлол баъзе аз ин асарҳо ба воситаи китобхонаҳои мактаби миёна паҳн мешуданд ва на танҳо байни хонандагони мактабҳо, ҳамчунин дар байни аҳолӣ маҳбубияти том доштанд. Пайдо намудани баъзе аз ин осори шойгони ниёгон амри маҳол буд ва нусхаҳои ками он аз даст ба даст мегашт. Метавон бо эътимод гуфт, ки ҳар нафаре, ки яке аз ин осори насри ривоятӣ: «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Чор дарвеш», «Ҳазору як шаб», «Тӯтинома», «Синдбоднома», «Калила ва Димна», «Самаки айёр», «Марзбоннома», «Абӯмуслимнома», «Доробнома»-ро мутолиа нанамудааст, аз таъриху гузаштаи худ бехабар аст ва ҳаргиз маънои худшиносиро дарк намуда наметавонад.
Дуюм омиле, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро шукуҳи умумимиллӣ бахшидааст, тавсия шудани осори адибони классик мебошад. Аслан мо бояд ифтихор дошта бошем, ки адабиёти классикӣ дорем, чунин шараф на ба ҳама халқияту миллатҳо насиб гаштааст.
«Гулистон»-у «Бӯстон» аз Шайх Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон» аз Абдураҳмони Ҷомӣ, «Рисолаи дилкушо» аз Убайди Зоконӣ, «Сафарнома» аз Носири Хусрав, «Қобуснома» аз Унсурмаолии Кайковус, «Бадоеъ-ул-вақоеъ» аз Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» аз Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Наводир-ул-вақоеъ» аз Аҳмади Дониш, «Таҳзиб-ус-ибён» аз Садриддин Айнӣ, «Корномаи Ардашери Бобакон», «Ёдгори Бузургмеҳр» — дар ҳамин атроф ва асноф ягон халқу миллати дигар чунин осори классикӣ дорад? Ҳамчун меросбари таърихӣ ва қонунӣ уҳдадор ҳастем, ки дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҳам берун аз он аз адабиёти классикии худ бохабар бошем. Мавзуъ ва мундариҷа, мазмун ва ҳадафҳои ҳикоёти «Бӯстон»-у «Гулистон», «Баҳористон»-у «Сафарнома» кӯҳнанашаванда мебошанд, балки рӯзмарра боқӣ мемонанд. Бо хондани он ҳикоёт мо зиндагии худ, таърихи худ, рӯзгори гузаштагони худро ба таври ногусастанӣ пайдо менамоем. Ин осор ба сифати ҳифзкунандаи таърихи ҳазорсолаи миллат хизмат менамояд. Гузаштаро бо имрӯз ва имрӯзро бо гузашта пайванд месозад, қадимӣ ва ориёӣ, тоҷик ва тоҷдор будани миллатро исбот месозад.
Сеюм нишони умумимиллӣ будани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» боз ҳам аз шоирони классики тоҷик маншаъ мегирад. Бузургии забони тоҷикӣ дар ин аст, ки агарчӣ аз эҷоди шоирони пешини мо 1000 сол гузашта бошад ҳам, кӯдаки мактабхони тоҷик имрӯз шеърҳои 10 аср пеш иншошударо ба таври осон мехонад, мефаҳмад ва мазмуну мундариҷаи ин ашъори ҳазорсоларо фаҳмонида метавонад.
Замимаи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додааст, ки довталабон 100 ғазал аз Устод Рӯдакӣ, Саноии Ғазнавӣ, Аттор, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Фахриддини Ироқӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Абдулқодири Бедил, Зебуниссо, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддини Шоҳин, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ аз ёд намоянд.
Аз ёд намудани 120 рубоӣ ва дубайтӣ аз Абуалӣ ибни Сино, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Бобо Тоҳири Урён, Абусаиди Абулхайр, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ, донистани на кам аз 100 байт аз қасидаҳои Рӯдакӣ, Унсурӣ, Анварии Абевардӣ, Абулҳасан Фаррухии Сиистонӣ, Абунаҷм Манучеҳрии Домғонӣ, Масъуди Саъди Салмон, Хоқонии Шервонӣ, аз ёд донистан ва қироат намудани на кам аз 150 байт аз достонҳои Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Шамсиддини Шоҳин ва дигарон шахсро на ин ки босавод, бофаҳм, ҳушёру забондон месозад, ҳамчунин водор ва ҳидоят ба омӯзиши таъриху фарҳанги миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ менамояд. Хондану аз ёд намудани осори ниёгон гузоштани қадами устувору қатъӣ ба сӯи қуллаҳои дониши ҷаҳонӣ ва тамаддуни сайёра мебошад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки давоми 5 соле, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, таваҷҷуҳ танҳо ба даври чорум ва қисмати ниҳоии озмун зоҳир мешавад. Роҳи тайнамудаи як иштирокчии озмун шуруъ аз ҷамоати деҳот/шаҳрак то ноҳия, аз он ҷо то ба шаҳр, аз шаҳр ба минтақа/вилоят, аз вилоят то ба пойтахт дар ягон воситаи ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ инъикос намешавад.
Бояд эътироф намуд, ки на танҳо худи иштирокчии озмуну шеърҳои азёднамудааш, китобҳои хондааш, ҳамчунин шароити зиндагониаш дар деҳа, ҷамоат, шаҳрак, ноҳия, шаҳру вилоят чӣ гуна аст, падару модараш киҳо ҳастанд, чӣ гуна дарс мехонад, дар вақти фориғ аз дарс ба кадом кор машғул мешавад — ҳамаи ин ҷузъиёт на дар телевизион, на дар радио, на дар воситаҳои ахбори оммаи чопӣ, на дар агентиҳо ва сомонаҳои иттилоотӣ, на дар саҳифаҳои интернетии мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо ва на дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба таври шоиста, фарогир, диққатҷалбкунанда таблиғу ташвиқ намешаванд. Танҳо баъд аз ҷамъбасти озмун ғолибон ба барномаҳои гуногуни телевизионӣ даъват мешаванд ва онҳо суханони умумӣ мегӯянду тамом.
Ҳол он ки озмун мақоми ҷумҳуриявӣ дорад, он на танҳо барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои эҷодӣ, фарҳангу санъат, ҳамчунин барои калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат пешбинӣ шудааст.
Дар баробари ҳамин аъзои ҳакамон на дар саҳифаҳои матбуот ва на дар саҳифаҳои ВАО дар бораи иштирокдорони озмун, дараҷаи омодагии онҳо, ҷиҳатҳои заиф ва баръакс — устувори иштирокдорон тақрибан чизе намегӯянд.
Хуб мебуд, сабтҳои телевизионии даврҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ дар шабакаҳои ҷумҳуриявӣ низ ба навор гирифта ва намоиш дода шаванд.
Даври чорум ва ниҳоии озмунро мебояд ба таври мустақим, ҳамчун намоиши умумимиллӣ (show) дар тамоми шабакаҳои телевизионӣ пешкаши бинандагон шавад. Ҳар сокини мамлакат шавқманд шаваду ба иштирокчии дӯстдоштаи худ мухлисӣ намояд.
Тавре аз Амри Президенти Тоҷикистон бармеояд, ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат мебошад.