ДУШАНБЕ, 08.01.24. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, сохтмони 12 ҳазор иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Сохтмони кӯдакистони рақами 9-и шаҳри Хуҷанд низ аз ҷумлаи ин иншоот мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Иншоот аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои қабулу таълими кӯдакон дар 16 гурӯҳ пешбинӣ гардидааст.
Фармоишгар Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ва пудратчиён ҶДММ «Сайҳуни Хуҷанд» ва ҶДММ «Хушофар» мебошанд. Лоиҳаи бино бо назардошти талаботи соҳа омода гардида, мувофиқи он ҳар гурӯҳ дорои утоқҳои алоҳидаи хобу истироҳат, машғулиятгузаронӣ, хӯрокхӯрӣ, дастшӯӣ ва либосивазкунӣ мебошад. Баробари ин, толори тамошои кино, гимнастика, мусиқӣ, ошхона, утоқҳои алоҳидаи таълимиву корӣ ҷой дода шуда, дар саҳни он бунёди 16 айвон ва ду ҳавзи шиноварӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар айни замон дар ин иншоот 50 сохтмончӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.
Сохтмони иншоот соли 2023 оғоз гардида, мувофиқи нақша имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.