Перейти к содержимому
 

«ВАССОФИ ВАТАН». Таҳти ин унвон барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ Фестивал-озмун баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 09.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи охири моҳи ноябри соли равон, дар арафаи Рўзи Парчами давлатӣ барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» баргузор мегардад. Дар ин хусус дар «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 тасдиқ гардидааст, иттилоъ дода шудааст.

Масъулони баргузории Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон «Ховар», Кумитаи телевизион ва радио, Хадамоти алоқа, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, идораи нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Минбари халқ», «Садои мардум» ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» мебошанд.

Ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» тарғиби дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ — Тоҷикистон, содиқона хизмат намудан ба халқу Ватан ва саҳм гузоштан дар ободонии он мебошад.