Перейти к содержимому
 

Дар таътили зимистона дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи каратэ-до баргузор шуд.

ДУШАНБЕ, 07.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар таътили зимистона дар Қасри варзишии ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии  шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди шаҳрӣ аз намуди каратэ-до баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мусобиқа дар таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир шуда, дар он зиёда аз 150 варзишгар байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон иштирок намуданд.

Дар маросими ҷамбасти мусобиқа таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаоммавӣ гардонидани варзиш, рушди намуди каратэ-до ва ҷалби васеи наврасону ҷавонон ба ин намуд, татбиқи барномаҳои маҳаллии соҳаи варзиш, пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад

Дар хатми мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ ғолибону ҷоизадорон ва бозингарони беҳтарин бо диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.